Муқаддас Набиева – овозхони маъруф ва яке аз маҳбубтарин ҳунармандони кишвар аз солҳои 70-и асри гузашта то ба имрӯз аст. Шояд ҳеч сарояндаи эстрада дар Тоҷикистон маҳбубияти ӯро надошта бошад. Хеле ҷавон рафт ва риштаи ҳаёташ фоҷеавӣ канда шуд. Аз рӯзи маргаш, ки инак 41 сол мегузарад, ҳамоно реҳлати фоҷеабораш муаммост. То кунун даҳҳо мақолаҳо навишта шудаанд, таҳқиқотҳои журналистӣ анҷом шудаанд, вале ба суоли аслии сабаби фоҷеа ҷавоби қотеъ дода нашуд. Зарфи ин ду-се соли охир ҳатто аз муаммоҳои ҳаёти шахсии ӯ, ишқи ӯ, маҳорати ҳунариву касбиаш даҳҳо
Ӯро аксари мардум, замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд, Ленини тоҷик меномиданд. Чун аз муваффақтарин ҳунармандони кишвар буд, ки образи Владимир Ленинро бо маҳорати хоса бозид. Дар эҷодиёти вай ҳам лениннома нақши бузург дорад. Ҳунараш дар офариниши нақши доҳӣ ба ҳадде писанд омад, ки шоситаи унвони Артисти халқии СССР шуд.
Бурҳонов Аслиддин Бадриддинович актёри театр ва режиссёри тоҷик 8 январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Ў соли 1965 Артисти