Activities calendar
24 января 2020
Нависандае, ки ба касе монанд нест. 80 соли адиби маъруф Сорбон
Нашр шуд 2020-01-24 15:28
Сорбон нависандаи нозукбаён буда, дар симои қаҳрамонони асарҳояш тавонистааст азамату ҳашамати мардум ва бурду бохти зиндагиро соддаю оммафаҳмона ба қалам оварад ва яке аз маҳбубтарин нависандагони кишварамон шинохта шавад. Ҳикояҳои Л.Толстой (1970), Ф.Достоевский (1971), «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад»-и Н.Островский (1973), романи Н.Думбадзе «Ман офтобро мебинам», қиссаи Ч.Айтматов «Киштии сафед» ва ғайраро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар муаррифии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мехонем:

Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз физикдонҳои шинохта дар кишвар аст. Донандаи хуби забони тоҷикист, ки борҳо сари истилоҳоти физикӣ дар матбуот баҳсҳо ҳам доштааст. Аз фаъолтарин муаллимони ин фан дар матбуоти кишвар аст. Навиштаҳо ва таҳлилҳои илмиаш борҳо мавриди баҳсу баррасиҳо қарор гирифтаанд. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика мебошад, ки соли 1985 чоп
Ричард Фрай, ки агар зинда мебуд ба синни мубораки 100 қадам мегузошт, аз ҷумлаи маъруфтарин шарқшиносони олам аст. Донишманде, ки солҳо дар Тоҷикистон зиставу барои рушди илми ховаршиносӣ талошҳои зиёде карда ва дар таълифи китобҳо, тарҷумаи осори ниёгони мо ба инглисӣ ҳиссаи сазовр гузоштааст. Ин олими пуркор ва маъруф баҳори соли 2014 дар Бостон (ИМА) дар синни 94-солагӣ тарки олам кард.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимиии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини 

