Яке аз омилҳои калидии боло бурдани маҳорати касбии китобдорон ва тарғибу татбиқи усулҳои босифату навгонии таълим ва технологияи муосир баланд бардоштани сифати таълим дар курсҳои бозомўзии Маркази такмили ихтисос маҳсуб меёбад. Ҳадаф ва вазифаҳои Маркази такмили ихтисос дар ташкил ва таҳия намудани мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва такмили сатҳи дониши касбии кормандони китобхонаи муосир мебошад,
Баҳром Фирӯз сабаби ба наср рӯ оварданашро дар сарсухани яке аз китобҳояш чунин шарҳ дода буд: “Чӣ шуд, ки ҳамчун шоир ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаму ба ин тариқа зуд дастгоҳи шеърро бастам ва гӯё аз шоирӣ истеъфо намудам ва рӯи ихлосу иродат ба ҷониби наср овардам? Ин матлабро бисёр китобхонон ва ҳаводорони адабиёт аз ман савол мекунанд, баъзан суханони устод Айниро аз ваҷҳи тангии чорчӯбаи назм ба ман хотирнишон мекунанд. Аз ин хусус хеле андешидаам ва ҳақиқати кори ман ин аст, ки мавзӯъ, матлаб ва мадорики шеър дигар аст ва пояи наср бар мадорики дигаре
Эҷодиёти Сталина Азаматова серпаҳлу ва гуногунранг аст. Бештар мавзўъҳои олами рангини кўдакон, ривоятҳои қадима, орзуҳои ширини наврасон, истеҳзои хасисию судхўрӣ, зулму расолати замони амирӣ, муҳофизати сарватҳои миллӣ, мардонагӣ, қаҳрамонию ватандўстӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар балетҳои «Франческа да Римини», «Бо роҳи раъди ғуррон», «Ромео ва Ҷулетта», «Шабҳои Миср» ва ғайра нақшҳои асосӣ иҷро кардааст. Чандин балет – «Марги судхўр» (1978), «Камони сеҳрнок» (1985) , «Писарча ва Карлсон» (1977), филм-балети
Баҳром Сирус – олими барҷаста, адиби маъруф дар синни 96-солагӣ ҳудудан чиҳил сол пеш тарки олам карда буд. Вай умри ҷавонии худро сарфи пажӯҳишу офаридани қиссаву достонҳои хонданӣ кард. Дар 70-солагӣ рисолаи номзадӣ ва дар 80-солагӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кард. То охирин лаҳазоти умр аз омӯзишу эҷод ҷудо набуд.
Баҳром Сирус (Оҳунзода Мирзомуҳаммад) 1 январи соли 1885 дар шаҳри Ленкорани Озарбойҷони Шўравӣ ба
Аввали соли равон ба зодрӯзи Шамсӣ Қиём, яке аз устураҳои санъату ҳунари тоҷик сад сол пур шуд. Вай бист сол пеш ҷамъи моро тарк гуфта буд. Бо гузашти солҳо ҳамоно театрҳои кишвар намоишномаҳои ӯро рӯйи саҳна меоранд. Ҳамоно филмҳояш зиндаанду аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизионӣ намоиш дода мешаванд. Ҳамоно хотироти некаш дар қалби даҳҳо шогирдонаш боқист ва сари чанд вақте дар матбуот аз ӯ ёд мекунанд. Мардони ҳунар намирандаанд.
Шамсӣ Қиём - ҳунарманд, коргардон, драматург,
Муборизаи қаҳрамононаи мардуми Афғонистон барои истиқлолият диққати мардуми тараққипарвари дунёро ҳама вақт ба худ ҷалб намудааст. Ҳамчунин, рўз то рўз таваҷҷўҳи бештаре ба таърихи фарҳанги ин кишвар ва ҳолати имрўзаи он дода мешавад.
Ба андешаи мо, барои хуб ба роҳ мондани фарҳанги китобу китобхонӣ, ду корро бояд анҷом дод: нахуст, таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дувум, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар