Муддатест сомонаи адиби маъруфи тоҷик Баҳром Фирӯз дар фазои маҷозӣ гардон аст. Тӯли ин муддат садҳо тан аз ҷумла ҳаводорони эҷодиёти адиб аз он дидан карданд ва китбҳояшро мутолиаву аз шарҳи ҳолат бохабар шуданд. Ин як сомонаи пурмуҳтавоест, ки ба муносибати ҷашни 80-солагии адиб бастагонаш фаъол намуданнд. Гуфта мешавад, ки сомона қаблан ҳам буд,
17 нафар аз ҷумлаи кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ва Китобхонаи илмӣ-тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба як давраи нави омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Субҳи имрӯз бо ҳузури ҷонишини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ин давраи омӯзишӣ оғоз шуд ва қарор аст то 31-уми январи соли
Китоби профессор Зумрад Ямоқова “Методикаи экспертизаи хатшиносӣ” барои донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, аспирантҳо, докорантҳо, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, коршиносоне, ки ба масъалаҳои мубориза алайҳи ҷинояткорӣ машғуланд, тавсия шудааст.
Дар байни илмҳое, ки асоси омодагии касбии муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо, кормандони оперативӣ-ҷустуҷўӣ ҳимоятгаронро ташкил медиҳад, экспертиза мавқеи асосиро ишғол мекунад, ки таҷрибаи мубориза бар зидди ҷинояткориро меомўзад, хулосабарорӣ мекунад, роҳҳо, восита ва усулҳои ошкор кардани ҷиноятро пурра мегардонад.
Китобе бо номи “Диншиносӣ”, ки ахиран дар нашриёти “Маориф” нашр гардид, аз ҷониби Саид Нуриддин Саид, Саид Аҳмадов, Нуриддин Камар, Рустам Назаров навишта шуда, ба сифати китоби дарсӣ пешниҳод шудааст. Муҳаррири масъул доктори илмҳои фалсафа профессор Зиёӣ Хуршед Махшулзода буда, ба он доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор Рамазон Назриев Рамазон, доктори илмҳои фалсафа Меҳриниссо Маҳмадова ва доктори илмҳои фалсафа З.Диноршоева тақриз навиштаанд.
27-январи соли равон собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни барқарории сохти конститутсионии Тоҷикистон «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо шароити ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно гаштанд.
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино “Донишнома”-и нав интишор дод. Ректори Донишгоҳ доктори илмҳои тиб, профессор М.Гулзода дар сарсухани китоб аз ҷумла навиштааст: Донишномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино китобест, ки хонанда аз он маълумоти зарурӣ ба даст меорад.
Китоб аз ду бахши бузург иборат мебошад. Дар бахши аввал роҳи дар тӯли 80 сол тайкардаи донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ ба қалам дода шудааст. Ин муддатест, ки донишгоҳ ба муваффақияту нокомӣ ва пирӯзию шикастҳо рў ба