Боздиди собиқадорони ҷангу меҳнат аз Китобхонаи миллӣ

 27-январи соли равон собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни барқарории сохти конститутсионии Тоҷикистон «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо шароити  ин боргоҳи маърифат аз наздик ошно гаштанд.

 Онҳо аввал аз мусаввараи таърихии Китобхонаи миллӣ, ки дар   ошёнаи  сеюм воқеъ аст, дидан намуданд.  Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи 5 ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир онро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим кардааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона мебошад.                           

 Пас аз он, аз дигар толорҳои Китобхона аз ҷумла, толори хониши электронӣ, толори хониш, толори феҳристҳо, осорхонаи китоб, намоишгоҳи китобҳои тозанашрро тамошо карданд.

Фарзона Каримова,

мутахасиси шуъбаи тарғиб ва

баргузории  чорабиниҳои фарҳангӣ