Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ-назариявии “Эмомалӣ Раҳмон – Президенти сулҳофар ва асосгузори давлати миллии тоҷикон», ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, шуруъ ба кор кард.
Конфронс бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, коршиносон, ходимони давлатӣ, пажуҳишгарон мегузарад.
Дар расми ифтитоҳи он Мавсума Муинзода-муовини Раиси шаҳри Душанбе гуфт, ки ин чорабинӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», ки 16-уми ноябрро «Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон кардааст, таҷлил мегардад.
Вай боз гуфт: “Рўзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад”.
Ҷонишини шаҳрдори Душанбе ёдовар шуд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсиву фарҳангии мамлакат, ки дар он рукнҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла қароргоҳи Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон ҷойгир гардидааст, бо мақсади ба таври арзандаву шоиста таҷлил намудани ин санаи фархунда бо дарназардошти талаботи шаҳрдориву шаҳрнишинӣ чорабиниҳои гуногуни сиёсиву ғоявӣ, оммавию фарҳангӣ ва маърифатиро баргузор менамояд.