Теъдоди китобҳо дар Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби нусхаҳои ҳатмӣ ва тўҳфаҳо ҳамарўза меафзояд. Дар айни замон махзани китоби Шуъбаи нигаҳдории китоб ба 2282554 нусха расидааст, ки 176356 нусхаи он ба забони тоҷикӣ, 2058018 ба забони русӣ, 48180 ба забонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Ин нишондодҳои махзани китоби шуъба назар ба даҳмоҳхаи соли 2016 ба теъдоди зиёда аз 9 ҳазор
Устод Асрорӣ сазовори ҳамин унвонанд, яъне ба маънои том УСТОД!
Пири ҳамаи журналистони тоҷик, поягузори мактаби назариявиву амалии журналистика, асосгузору шуъбаву факултаи журналистика дар кишвар. Бе ёди устод Асрорӣ наметавон таърихи журнаилистикаи тоҷикро навишт.
Устод Асрорӣ ҳама марҳилаҳои ҳаётро тай кардаву танҳо бо заҳмати хорошикан соҳиби шуҳрат шуда. Замоне ба майдони ҷанги хонумонсӯз сафарбар шуд, ки аввалин шеърҳояш рӯйи чоп медиданд. Ба майдони адабиёт ва илм бо шеър ворид шуд ва аввалин чакидаҳои хомааш дар бораи Тоҷикистон буданд.
Адиби маъруф, муаллифи беҳтарин повесту ҳикояҳо барои ҷавонон, таронасарои муҳаббати ҷавонӣ, шоир ва мутарҷим Баҳром Фирӯз ҳамагӣ 55 сол умр дид. Аммо дар ин умри кутоҳ аз худ осоре ба ҷой гузошт, ки хонданиву сутуданист.
Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи адиби шинохта мехонем:
БАҲРОМ ФИРӮЗ (Бобоев Баҳром) 1 – уми ноябри соли 1939 дар ноҳияи Нуратои вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, чанд сол дар ҳамон ҷой омӯзгор будааст. Баъдан ба Душанбе омада, муддате корманди радиои тоҷик,