Сад соли пири журналистони тоҷик

Устод Асрорӣ сазовори ҳамин унвонанд, яъне ба маънои том УСТОД!

Пири ҳамаи журналистони тоҷик, поягузори мактаби назариявиву амалии журналистика, асосгузору шуъбаву факултаи журналистика дар кишвар.  Бе ёди устод Асрорӣ наметавон таърихи журнаилистикаи тоҷикро навишт.

Устод Асрорӣ ҳама марҳилаҳои ҳаётро тай кардаву танҳо бо заҳмати хорошикан соҳиби шуҳрат шуда. Замоне ба майдони ҷанги хонумонсӯз сафарбар шуд, ки аввалин шеърҳояш рӯйи чоп медиданд. Ба майдони адабиёт ва илм бо шеър ворид шуд ва аввалин чакидаҳои хомааш дар бораи Тоҷикистон буданд. Ва ҳамин Тоҷикистонро умре суруду сутуд, қалби покаш то охирин лаҳазоти умраш барои ҳамин Ватан тапид.

Ҳолномаи устод, ки аз саҳифаи шогирди донишмандаш Қироншоҳи Шарифзода:

Асрорӣ Воҳид Мирашурович. Олими фолклоршинос, адиб, публитсисти тоҷик. Доктори илми филология (соли 1969), профессор (соли 1970), Ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (соли 1977). Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 1975 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

7 ноябри соли 1917 дар оилаи хизматчӣ, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.

Соли 1932-1933 дар Омўзишгоҳи педагогии Сталинобод таҳсил намудааст.

Соли 1933 фаъолияти кориашро дар мактаби ҷамоати Ёвон оғоз намуда, пас аз соле ба Мактаби намунавии политехникии шаҳри Сталинобод ба кор гузаштааст.

Соли 1938 пас аз хатми Институти тоҷикии дусолаи муаллимии Тошканд то соли 1942 дар Омўзишгоҳи педагогии Сталинобод муаллимӣ кардааст.

Солҳои 1942- 1944 дар сафи Армияи Сурх хизмат кардааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Сентябри соли 1944 пас аз табобати захм, ба ақибгоҳ фиристода шудааст.

Солҳои 1944 - 1946 нозири (инспектори) Назорати давлатии РСС Тоҷикистон.

Соли 1949 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо хатм намудааст.

Солҳои 1946-1950 ҷонишин, муҳаррири рўзномаи «Пионерии Тоҷикистон».

Солҳои 1949-1952 аспирант, солҳои 1952-57 муаллими калон, дотсенти Кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе.

Солҳои 1957-1968 дотсенти Кафедраи адабиёти тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1968-1973 декани факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон.

Солҳои 1969-1992 мудири Кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР.

Солҳои 1992 1996 мудири Кафедраи матбуоти факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.

Муаллифи маҷмуаи шеърҳои «Салом мактаб» (соли 1951), «Замзамаи ҳаёт» (соли 1964), маҷмўаи ҳикояҳои «Ҳар дуяшон нағз» (соли 1962), китобҳои илмии «Юсуф Вафо» (соли 1957), «Халқ ва адабиёт» (соли 1967), «Адабиёт ва фолклор» (соли 1968), китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 1-ум ва 2-юм)- солҳои 1950-1984, «Забони тоҷикӣ» (барои чаласаводон) – соли 1950.

Воҳид Асрорӣ асарҳои Евгений Швартс, Аркадий Гайдар, ҳикояхои А.П.Чехов, шеърҳои С.Маршак, В.В.Маяковский, шеърҳои ҷудогонаи шоирони ўзбек

Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ¸ Мирмуҳсин, Асқад Мухтор, романи «Роҳи муаллим»-и Парда Турсунро тарҷума кардааст.

Дар Китобхонаи миллӣ аз устод Асрорӣ маводи хеле фаровон метавон мутолиа кард, ки номгӯи бахше аз онро ин ҷо меорем:

Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. – Сталинобод: Нашрдав тоҷик. – 1956. – 99с.

Ҳаҷв дар адабиёти тоҷик // Н. Маъсумӣ ва Ю. Бобоев. Ҳаёт ва адабиёт: Маҷмўаи мақолаҳои танқидӣ-адабиётшиносӣ. – Душанбе, 1958. – С. 235-271.

Забони тоҷикӣ: Грамматика, орфография, инкишофи нутқ, китоби дарси барои синфи якум. – Душанбе: Нашри давомдори тоҷик. –  Нашри IV. – 1964. – 93с.

Зимистон: Шеър // Чор фасл. – Душанбе, 1964. – 84с.

С. Айнӣ ва фолклор // Асрорӣ В. «Адабиёт ва фолклор».– Душанбе, 1967. – Қ.1. – С.13-127.

Лоҳутӣ  ва фолклор // Асрорӣ В. «Адабиёт ва фолклор». – Душанбе, 1967. – С.131-275.

Баъзе масъалаҳои  забони халқи гуфтугўи асарҳои  С. Айнӣ ва маҳорати ў // Асрорӣ В. – Душанбе.  – 1968. – С.45-113.

Достони «Шаби пеш аз марг» ва баъзе масъалаҳои жанри достон: Дар бораи асари Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ // Асрорӣ, В «Халқ ва адабиёт».– Душанбе, 1968. – С.30-45.

Ҳаҷв дар адабиёти тоҷик // Асрорӣ, В «Халқ ва адабиёт».– Душанбе, 1968. – С.113-275.

Халқ ва адабиёт: Маҷмўаи  мақолаҳо.– Душанбе: Ирфон,  1968. – 176с.

Халқ ва Ленин: Образи В.И. Ленин дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик // Асрорӣ В. «Халқ ва адабиёт». – Душанбе. – 1968. – С.15-20.

Баъзе масъалаҳои муносибати фолклор ва адабиёт // Масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик.– Душанбе, 1970. – С.160-170.

Мавқеи ғоявию бадеии мифологӣ ва афсонавӣ дар ашъори Лоҳутӣ // «Ёдбуди Лоҳутӣ». – Душанбе. –  1974. – С.123-134.

Тараннуми ҳаёт ва бо забони халқ: Дар бораи эҷодиёти шоирони халқӣ //Ҳаёт, қаҳрамон ва адабиёт. – Душанбе, 1977. – Китоби 4. – С. 315-334.

Асрорӣ, В., Амонов, Р. Зарбулмасал ва мақолҳо: Жанрҳои фолклори тоҷик // Асрорӣ, В., Амонов, Р. Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. – Душанбе. – 1980. – С.78-92.

Асрорӣ, В., Амонов, Р. Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик: Фолклори тоҷик. – Душанбе: Маориф, 1980. – 304с.

Жанрҳои хурди фолклори тоҷик. – Душанбе. – 1983. – Қ.1. – 92с. 

Жанрҳои хурди фолклори тоҷик: Дастури таълимӣ. – Душанбе. – 1985. –  Қ.2. – 132с.

Тоҷикистон: Шеър // Бо роҳи ленинӣ.– 1938. – №11. – С.19.

Боз ба Ватан: Шеър // Бо роҳи ленинӣ.– 1939. – №4. – С.32.

Ба духтарони ватан: Шеър // Болшевики Қўрғонтеппа. – 1940. – 8 март.

Муҳаббати ман: Ҳикоя // Бо роҳи ленинӣ. – 1940. – №3. – С.24-25.

Дар сари нонушта: Ҳикоя // Газетаи муаллимон. – 1947. – 18 август.

Эй ёри ман: Шеър // Шарқи Сурх. – 1947. – №10. – С.21.

Баҳори Тоҷикистон: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1947. – 6 апрел.

Ба ватан: Шеър // Шарқи Сурх. – 1948. – №5. – С.35.

Соли нават муборак: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1948. – 1 январ.

Баҳори қаҳрамон: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1948. – 21 апрел.

Кўлоб: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1948. – 11 апрел.

Мулоқоти дуюм: Шеър // Тоҷикистони Сурх. – 1950. – 4 апрел.

Гулхан: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1950. – 1май.

Ҳикояи Черчел ва кабутар: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1951. – 26 август.

Кабутар: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1951. – 12 август.

Насиҳати бобо: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1951. – 5 май; 12 май.

Нақлу латифаҳои халқӣ дар бораи Абўалӣ Сино // Шарқи Сурх. – 1952. – №8. – С.24-32.

Занони советӣ дар назми халқӣ // Шарқи Сурх. – 1952. – №3. – С.121-125.

В.И. Ленин дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик // Шарқи Сурх. – 1952. – №1. – С.9-12; – С.9-18.

Фолклоршиносии тоҷик дар зарфи 25 сол: Обзори умумӣ // Шарқи Сурх. – 1954. –  №8. – С.106-114.

Ба ҳамсафар: Шеър ба муносибати съезди 2-юми умумииттифоқии нависандагони советӣ // Тоҷикистони Сурх. – 1954. – 15 декабр.

Дар меҳмонии офтоб: Мазмун аз афсонаи словакӣ // Пионер. – 1954. – №2. – С.17-18; №3. – С. 15-16.

Лоф назану омўз: Шеър // Пионер. – 1954. – №7. – С.22.

Ҳардуяшон нағз: Ҳикоя // Пионер. – 1955. – №3. – С.4-5.

Зоғ ва мурғобӣ: Масал // Хорпуштак. – 1955. – №3. – С.6.

Тўй муборак: Суруд // Тоҷикистони советӣ. – 1955. – 26 феврал.

Алла: Шеър // Занони Тоҷикистони Советӣ. – 1955. – №1. – С.6.

Танбалон: Аз адабиёти даҳонакӣ // Пионер. – 1955. – №8. – С.20.

Ҳаёт ва эҷодиёти Юсуф Вафо // Шарқи Сурх. – 1955. – №1. – С.86-113.

Қиссаи Оллоёр: Шеър // Хорпуштак. – 1956. – №12. – С.11.

Намунаҳои фолклори тоҷик: Танқид ба китобиёт // Тоҷикистони советӣ. – 1956. – 2 март.

Баъзе қайдҳо дар бораи китоби «Шоири Халқӣ» // Шарқи Сурх. – 1956. – №3. – С.117-122.

Дар бораи маҷмўаи охирини шеърҳои М. Аминзода // Шарқи Сурх. – 1956. –  №1. – С.117-121.

Машъали тобони адабиёти пешқадам: Дар бораи М. Горкий // Тоҷикистони советӣ. – 1956. – 12 июн.

Намунаҳои фолклори Дарвоз: Тақриз ба ин китоб // Тоҷикистони советӣ. – 1956. – 2 март.

Ҳаҷв ва мазҳака дар адабиёти тоҷик // Шарқи Сурх. – 1957. – №6. – С.84-97; №7. – С.116-128.

Ҳамсояҳо: Ҳикоя // Занони Тоҷикистон. – 1958. – №6. – С.8-9.

Зарбулмасалҳо дар асарҳои С. Айнӣ: Танқид ва китобиёт // Тоҷикистони советӣ. – 1958. – 21 май.

Оҳанги халқӣ дар эҷодиёти Рўдакӣ: Ба пешвози 1100- солагии рўзи таваллуди Рўдакӣ // Мактаби советӣ. – 1958. – №8. – С.32-37.

Дар бораи Хоҷа Насриддин // Тоҷикистони советӣ. – 1959. – 23 декабр.

Масалҳо // Хорпуштак. – 1960. – №6. – С.11.

Луғати мактабии танбал: Шеър // Пионери Тоҷикистон. – 1960. – 21 январ.

Виҷдон:  Ҳикоя // Машъал. – 1961. – №6. – С.1-2.

Пайғоми баҳор; Раъду барқ; Борон: Шеърҳо // Машъал. – 1961. – №4. – С.14.

Гул: Шеър // Маориф ва маданият. – 1962. – 17 ноябр.

Ба модарҳо; Ба ҳамзамони хурдсол: Шеърҳо // Машъал. – 1962. – №3. – С.4.

Достони кўдакӣ шашсола // Занони Тоҷикистон. – 1962. – №3. – С.14.

Ариза!: Ҳикояи ҳаҷвӣ // Хорпуштак. – 1962. – №2. – С.10.

Қувваи ман: Шеър бахшида ба 45- солагии  Армияи Советӣ  // Тоҷикистони  советӣ. – 1963. – 23 феврал.

Душанбе, мактуб: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1963. –10 май.

Китоби  падар: Шеър // Комсомоли Тоҷикистон. – 1963. – 27 ноябр.

Дастурамали мо: Доир ба санъат ва адабиёт // Тоҷикистони Советӣ. – 1963. – 15 март.

Ифтихори мо: Дар Университети давлатии Тоҷикистон «Иди назм» оид ба адибони ҷавон барпо гардид // Комсомоли Тоҷикистон. – 1964. – 24 январ.

Пахтачиндухтар: Шеър // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1965. – 17 октябр.

Акка ва зоғча: Масал // Хорпуштак. – 1966.  – №23-24. – С.6.

Бе ҷанги май; Бозори ланҷкориҳо: Шеърҳо // Хорпуштак. – 1967. – №24. – С.6.

Лоҳутӣ ва эҷодиёти халқ: Ба муносибати 90- солагии рўзи таваллуди шоири бузургӣ тоҷик // Тоҷикистони советӣ. – 1977. – 4 декабр.

Сурудҳои инқилобии Айнӣ: Ба пешвози 100-солагии нависанда // Занони  Тоҷикистон. – 1977. – №10. – С.16-17.

Айнӣ ва ду манбаи эҷоди бадеӣ: Ба пешвози 100- солагии рўзи таваллуди устод // Тоҷикистони советӣ. – 1978. – 1 апрел.

Шоир ва халқ: Ба пешвози 70-солагии зодрўзи М. Турсунзода // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. –16 июн.

Оё гулчин чунин аст?: Луқма // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 10 август.

Талаби ҳаёт: Мақолаи мудири кафедраи фолклор ва адабиёти халқии СССР, УДТ, доир ба таълими забон ва адабиёт дар курсҳои тайёрии донишкада // Газетаи муаллимон. – 1983. – 1 сентябр.

Чоҳкан - зери чоҳ!: Андешаҳои иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ходими хизматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон // Маданияти Тоҷикистон. – 1984. – 6 январ.

Зиндагиро дўст медорам: Шеър // Тоҷикистони советӣ. – 1984. – 21 январ.

Назми публитсистӣ чӣ гуна шеър аст ва оё мо ба он ниёз дорем?: Андешаи олим  // Садои мардум. – 1994. – 9 июл.

Кўдак: Шеър // Занони Тоҷикистон. – 1996. – №6. – С.2.

Дар бораи Воҳид Асрорӣ.

Фарҳат, М. Аз дили туст: Шеър ба профессор В. Асрорӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1977. – 27 ноябр.

Гулмуродов, У. Устоди устодон: Ба муносибати 60- солагии олими намоён, муалифи китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» В. Асрорӣ // Пионери Тоҷикистон. – 1977. – 27 ноябр.

Воҳид Мирашўрович  Асрорӣ: Фолклоршиноси тоҷик, доктори илми филология //ЭСТ. – 1978. – Ҷ.1. – С. 274-275.

Ҳаким, А. Такяи Ватан: Шеър барои профессор В. Асрорӣ // Садои Шарқ. – 1984. – №1. – С.69-70.

Усмонов, И. Мураббии журналистон: Дар бораи ректори университети халқии мухбирони коргару деҳқон, профессор В. Асрорӣ // // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 5 май.

Гулмуродов, У. Қимати умр: Очерк бахшида ба 70- солагии мудири кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР В.М. Асрорӣ // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 7 ноябр.

Муҳаммадиев, Ҳ. Дарахти андеша: Ба муносибати 70- солагии мудири кафедраи адабиёти халқҳои СССР, доктори илми филология В. Асрорӣ // Адабиёт ва санъат. – 1987. – 5 ноябр.

Усмонов, И. Ҳақи устод аз падар пеш аст: Аз фаъолияти кори мудири кафедраи фолклор ва адабиёти халқҳои СССР, профессор Воҳид Мирашўрович  Асрорӣ // Агитатори Тоҷикистон. – 1987. – №21. – С.23-25.

Зайниддинов, М. Мушкилкушо: Муҳовараи устод В. Асрорӣ бо шогирдаш // Тоҷикистон. – 1994. – 11 март.

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи милл
ӣ