Сухане чанд дар бораи Ҷулиетаи тоҷик
Аз ҷумла маъруфтарин чеҳраҳоим санъати тоҷик. Шахсе, ки ҳар нақшаш дар саҳнаи театр боиси гуфтугӯ буд, ҳар нақшаш дар сенамо хотирмону ҳамеша диданӣ.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова 2-июли соли 1928 дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди ҳозира) таваллуд шудааст. Фаъолияти кориашро солҳои 1942 то 1951 ба ҳайси сароянда ва раққосаи Театри халқии ноҳияи Қўрғонтеппа шурўъ намудааст. Баъдан дар саҳнаи театр нақшҳои зиёди хотирмонро иҷро кардаст. Аз ҷумла нақши Зўҳро дар намоишномаи «Тоҳир ва Зўҳро»-и Саид Абдулло, Ойхон дар «Найрангҳои Майсара»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Райҳон дар «Арўси панҷсўма»-и М. Урдубодӣ ва ғайра.
Аз соли 1951 то соли 1977 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият намудааст.
Дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин нақшҳои офаридааш дар спектаклҳои «Ромео ва Ҷулетта» (1953, 1963), «Шоҳ Лир» (1957), «Отелло»-и У. Шекспир (1963) мебошад.
Ҳамчунин нақшҳои дигари ў Савсан дар «Номус»-и А. Шервонзода (1953), Ширин дар «Афсонаи ишқ»-и Н. Ҳикмат (1954), Қумрӣ дар «Дил-дили Зайнаб»-и Шамсӣ Қиёмов ва А. Мароз (1955), Ҷамила дар «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (1957), Нигина дар «Рўдакӣ»-и Сотим Улуғзода (1963), Маша дар «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин (1960), Маҳзода дар «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (1963), Манижа «Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ (1968), Архонта дар «Муборизон»-и С. Крас (1976), Зебуннисо дар «Зебуннисо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ (1977), Азиза дар «Интизорӣ»-и М. Ҳакимова (1958), Гертруда дар«Ҳамлет»-и У. Шекспир, Соттӣ дар«Исёни арўсон»-и С. Аҳмадов (1960), Шамсия дар«Баҳои умр»-и С. Сафаров (1963) мебошанд.
Дар баъзе филмҳои истеҳсоли киностудияи «Тоҷикфилм»: «Дўсти ман Наврўзов» (1957), «Вазифаи олӣ» (1958), «Дувоздаҳ соати ҳаёт» (1964) низ нақшҳои хотирмон бозидааст.
Ҳамчунин ў дар дубляжи беш аз 500 филм иштирок кардааст.
Солҳои 1963-1967 вакили мардум дар парламони Тоҷикистон будааст.
Хизматҳои Хайрӣ Назарова бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоиста, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Хонандагон дар Китобхонаи миллӣ аз Хайрӣ Назарова ва дар бораи ӯ ин матолибро метавонанд бихонанд:
Назарова, Х. Хотираи устод: Коргардони Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, шодравон Е.И. Мителман // Маориф ва маданият. – 1967. – 2 декабр.
Назарова, Х. Хунармандро зуд фарӯмуш мекунанд, агар нақши ӯ муассир набошад: Сўҳбати рўзноманигор Б. Қодирӣ бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Х.Назарова дар арафаи ҷашни 70- солагии зодрўзаш // Чархи гардун . – 1999. – 13 май.
Назарова, Х., Маҳаммадиев, Ф. “Ҳамдигарфамӣ калиди мустаҳкамии оила аст”: Мусоҳибаи рўзноманигор Ҳотами Ҳомид бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова ва ҳамсараш Файзулло Муҳаммадиев // Зан ва мард . – 2007. – 13 декабр.
Дар бораи Хайрӣ Назарова
Исҳоқӣ,Ф. Зинати саҳнаи тоҷик: Артисткаи Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова // Тоҷикистони советӣ. – 1956. – 25 январ.
Давлатова, А. Бахти артистка: Артисти халқии Тоҷикистон Х. Назарова // Занони Тоҷикистон. – 1959. – №6. – С.14-15.
Мӯсо,И. Меҳри санъат: Дар дили артисткаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Хайрӣ Назарова маъво гирифта // Маориф ва маданият. – 1960. – 11 июн.
Қаҳорова,О. Шаҳбози саҳнаи тоҷик: Артисти халқии Тоҷикистон Х. Назарова // Занони Тоыикистон. – 1968. – №2. – С.15.
Насимов, А.,Ёров, Р. Камоли истеъдод: Ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Хайрӣ Назарова // Комсомоли Тоҷикистон. – 1974. – 31 июл.
Расулӣ, А. Чил сол дар саҳна: Артисти халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Хайрӣ Назарова // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 28 декабр.
Назарова Хайрӣ: Шарҳи мухтасари ҳаёту эҷод // Энсиклопедияи адабиёт ва санъат. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С. 412.
Расулӣ, А. Дурахши ситора: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова // Садои мардум. – 1989. – 15 апрел.
Файзов, М. Муҳити солим – гарави пешравиҳо: Оид ба мақолаи Артисткаи халқии Тоҷикистон, Хайрӣ Назарова “ Дарду доғи театри академикӣ”// Адабиёт ва санъат. – 1989. – 6 апрел.
Расулӣ, А. Марги ман дар саҳна бояд бошад...: Мегўяд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, артисткаи Театри давлатии драмаи Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Хайр Назарова // Садои мардум. – 1991. – 21 июн.
Аҳмадов, К. Ҷуллетаи тоҷик ҷаҳонро ба ҳайрат оварда буд: Артисти халқии Тоҷикистон, ҳунарманди театри ба номи А. Лоҳутӣ Х. Назарова // Тоҷикистон. – 2009. – 16 июл.
Бо истифода аз маводҳои
“Энсиклопедияи адабиёт ва санъат”
ва нашрияву шабакаи Интернет
таҳияи Саодат ҚОДИРОВА,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ