Он чи рангин мекунад ин рўзгорон, ваҳдат аст…
Агар имрўзҳо ба шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизамон назар кунем, ин мисраи Бедил зери лаб садо хоҳад дод: Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо. Оре, чеҳраи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ билкул дигаргун шудааст, ба кўчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин меваи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем.
Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем.
Дар зеҳни мо ҳатман чунин суол пайдо мешавад, ки кадомин нерў ва чӣ гуна қувва моро ба ин рўзи биҳиштӣ ва оромию субот расонд ва бешак, посухи саволи мо чунин хоҳад буд: Ваҳдат!
Як замони мудҳише бо баланд шудани садоҳои даҳшатангези туфангҳои «сайёдон» аз чаманистонҳои мамлакати мо гўё мурғи ваҳдат ба каронаҳо парвоз карда буд ва дигар суруди он субҳгоҳон ба гўш намерасид, баръакс, чуғзҳо барояшон ин хоки покро ватан ихтиёр карданӣ буданд. Аммо толеи тоҷики покният, шукрона, ки баландӣ кард.
Оре, маҳз бо лутфи илоҳӣ нерўи ваҳдат дар кишвари мо бар алайҳи ҷудоӣ имконе фароҳам овард, то рўзгори хуш боз нафаси тоза бигирад, андўҳ аз диёр по кашад, ба бўстони зиндагӣ баҳори нозанин рангорангӣ ато намояд ва ғунчаҳои ханда дар лабони мардумон гул кунанд.
Худи ҳамин аснод, ки дар ин гирудори гўшношунид қариб сад ҳазор одам кушта шуда, як миллион нафар гурезаю муҳоҷири иҷборӣ гардид, далели рўҳияи ҷангу бесарусомониҳо аст ва хомўш намудани алангаи оташи ин ҷанг коре буд хеле сангин.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониии худ ин андешаро таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Дар ин самт талошу шуҷоат, кўшишҳои шабонарўзии Сарвари кишвар, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин аз лавҳи хотирҳо ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳанд шуд. Қудрате, ки Худованд ба ин марди шуҷоъ, меҳрубону саховатпеша ва ватандўст Сарвари кишвар эҳдо карда, нури лутфашро ба сўйи ў равона сохт, ҳайратфузуну тааҷҷуббарангез мебошад. Ин марди шариф савганд ёд карда буд, ки паноҳандагонро ба ватан бармегардонад ва сулҳро дар кишвар барқарор хоҳад намуд ва хушбахтона, ҳамин тавр шуд.
Ў дар рўзҳои аввал изҳор карда буд, ки «ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам» ва ба ин аҳдашон вафодор монданд.
Миллати тоҷик баъди ҷудоии андўҳбор ба ҳам омад ва акнун саҳаргоҳон боз мурғи ваҳдат дар боғҳои ҳаёти кишвар сурудхонон аст.
Вақте ки меҳмонон аз хориҷи кишвар ба Анҷумани тоҷикон ба Душанбе омада буданд, дар ибтидо бовар накарда буданд, ки дар хоки Тоҷикистон оромӣ, сулҳ ҳукмфармо аст, ҳатто тарсу ҳарос доштанд ва чанд тан аз онҳо инро аз тариқи расонаҳо иброз карда буданд.
Имрўзҳо зиндагии пурбаракат дар кишвари афсонавии мо тантана дорад ва беихтиёр аз танўри сина ин ҳарфҳо берун меҷаҳанд:
Ба ин афсонакишвар ҳар замон шукрона бояд кард,
Ба ин ободии ҷаннатнишон шукрона бояд кард.
Ба бахти ҳамдилон шуд Тоҷикстон равзаи ваҳдат,
Ба ин ваҳдат, ба ин ваҳдатмакон шукрона бояд кард.
Ба дилҳо ҷои нафрат меҳрубонӣ бозпас омад,
Би ин лутфи илоҳӣ, дўстон, шукрона бояд кард.
Ваҳдати миллӣ дар рўзгорамон, дар ватани азизамон тантана мекунад.
Сарвари кишвар, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон таъкид мекарданд, ки бо таҷлили ҷашни Наврўз, аз як тараф, суннатҳои аҷдодиро ба ҷо оварда, арҷ мегузорем ва аз сўйи дигар, барои боз ҳам муттаҳид шудани миллати тоҷик такони хеле хубе хоҳад буд, ба ваҳдати миллӣ таҳкими бештаре мебахшад.
Миллате, ки ваҳдату истиқлолиятро бо ҳам дорад, миллати хушбахт аст. Тоҷикон хушбахтанд, ки ҳар дуи ин меваи хушбахтӣ насибашон гаштааст:
Халқҳоро баҳри парвоз беҳ зи ваҳдат бол нест,
Миллатеро давлати беҳтар зи истиқлол нест.
Агар имрўзҳо ба шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизамон назар кунем, ин мисраи Бедил зери лаб садо хоҳад дод: Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо. Оре, чеҳраи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ билкул дигаргун шудааст, ба кўчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин меваи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем.
Ва гуфтаниам:
Он чи ҷамъ созад парешонии моён, ваҳдат аст,
Он чи рангин мекунад ин рўзгорон, ваҳдат аст
Бишкуфад аз боди ваҳдат чеҳраи кўҳсори мо,
Он чи хандон мекунад рухсори инсон, ваҳдат аст.
Соҳили дарёи бахти мардумон шодоб гашт,
Он чи шодон мекунад дунёи гирён, ваҳдат аст.
Андалеби толеи мо месарояд субҳгоҳ,
Он чи бинвозад дили мо бомдодон, ваҳдат аст.
Боз кун дасти дуо, эй дўст, ҳар шому саҳар,
Он чи аз офат диҳад моро наҷот, он ваҳдат аст.
Масрура Мирзоҳасанова,
корманди шуъбаи Абонементи
байни китобхонаҳо