Аз гуле ба номи Хиромон, ки як баҳор оварду як баҳор буд, аммо накҳаташ монд дар баҳорон.
Китобе, ки мехоҳем дар борааш нақл кунем, “Духтари баҳор” ном дорад, ки соли 2018 дар чопхонаи “Истиқбол” тоҷикиву русӣ ва бо ороиши хеле зебо чоп шудааст. Китоб аз ҳаёти хеле кўтоҳ, вале пурмазмуни духтараке бо номи Хиромон ҳикоят мекунад. Вай ҳамагӣ чаҳордаҳ сол умр дид, аммо дар ин умри кўтоҳ тавонист азизу маҳбуб бошад. Ҳатто дар хориҷи кишвар – дар Аврупою, Амрико шахсоне ҳастанд, ки ўро медонанд ва ба заковати ў аҳсант мехонанд.
Хиромон бо истеъдоди худододаш назаргоҳи дидаҳо гашт. Ў мусиқинавоз, оҳангсозу сураткаши хурдсоле буд, ки сарфи назар аз ношунавояш ва забони лол доштанаш, дар ин ҷода ба комгироҳо ноил гардид. Ин китоб, ки аз мақолаю асарҳои ба Хиромон бахшидашуда иборат аст, тур бо дунёи рангин ва орзуҳои Хиромон, ки ҷовидона бо худ бурд, шинос мекунад.
Волидайни Хиромон аз ҳамаи ҳамдиёрони худ, махсусан аз Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси Олӣ ва дигарон, ки дар табобати Хиромон дасти кўмак доштанд, миннатдоранд. Дареғ, ки, дарди бедаво дар яке аз рўзҳои зебои баҳор ин гулаки назарраборо аз гулистон маҳрум кард. Вагарна, кӣ медонад, шояд ў ҳоло нобиғаи даврон буд?!
Ин китоб аз хотираи дўстон, рўзноманигорон, волидайн ва онҳое, ки Хиромонро медонистанд, фароҳам омадааст. Китоб эҳтиромест пеши рўҳи зинда ва ношикасти ин духтараки сафеддилу сафедорзу. Ин китоб шаҳодатест аз зиндагии муқаддаси ин духтараки ормонҳо… Ин китоб Хиромонномаест ба дарду бонавову босафо…
Навиштаҷоти ин китоб як қисми каме аз навиштаҳо дар бораи Хиромон аст.
Хиромон узви Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии кўдакони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ – «Истиқбол» буд. Арзи ҳунарҳои Хиромон тамошобинони зиёде дар намоиши байналмилалии кўдакони соҳибистеъдод, ки ТҶБ «Истиқбол» моҳи марти 2000 дар шаҳри Душанбе баргузор намуд, дидаву писандида буданд. Равонаш шод бош.
Хонандагони гиромӣ, шумо метавонед китоби мазкурро аз шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи милли Тоҷикистон дастрас ва мутолиа намоед!
Таҳияи Шарифӣ Саидғуфрон,
мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.