Activities calendar

12 сентября 2019

Таърихи адабиёти араб

   Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси филолог-шақршинос. Дар ҳаҷми 148 саҳифа соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.  Муқарриз доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомиддин Зоҳидов. Мураттиб Дилафрӯз Рашидова.  Муаллифон омӯзонидани асосҳои назариявӣ ва амалии пайдоиш, таҳаввул ва инкишофи адабиёти араб ба толибилмонро ҳадаф қарор додаанд.

   Гузинаи электронии китоби мазкурро барои ҳама толибони илме, ки мехоҳанд бо таърихи ададбиёти араб ошно шаванд, ин ҷо мегузорем. Ва ҳамзамон хоҳиши хонандаи худ Асмоа Ахмедова, ки мегӯяд омӯзгор дар шаҳри Панҷакат мебошад, иҷро мекунем.

 

Мусаннифи навоҳои дилрабо

    Сарнавишт ба ў сард нигарист. Дар кўдакӣ аз падару модар ятим, монда, ба сағирахонаи ноҳияи Кангурт афтод. Бо зиракию  ҳушёрӣ  ва гапгирию  хушкорӣ барин хислатҳои некаш дар диди муаллимону муррабиён роҳ ёфт. Дар сағирхона сураткашӣ меомўхт, чангу рубоб чангу рубоб менавохт ва суруд мехонд. Овози хушу завқи  санъатдўстии ин бачаяк буд, ки ўро ба дастпарвариии Хонаи кўдакони лаёқатманди шаҳри  Душанбе муносиб донистанд.

   Ба ин тариқ дар зиндагӣ ояндаи бачаи ҳунарҷў Миратулло Атоевро интихоб ва муайян кардаанд. Баъди хатми мактаб ва омўзишгоҳи мусиқии Душанбе ба консерваторияи Тошкант ба номи

Ширкати кормандони Китобхонаи миллӣ дар конфронси ҷумхуриявии илмӣ-назариявӣ

   Тибқи як анъана ҳар сол Китобхонаи патенти техникии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи китоб» конфронси ҷумхуриявии илмӣ-назариявии баргузор мекунад. Ва имсол низ дар рӯзҳои Ҳафтаи китоб ду нафар аз кормандони Китобхонаи миллӣ дар ҳамин ҳамоиш ширкат намуданд. Ин 6-умин семинари ҷумҳурявии китобдорони ҷавон буд, ки  дар