Таърихи адабиёти араб

   Дастури таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ихтисоси филолог-шақршинос. Дар ҳаҷми 148 саҳифа соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд нашр шудааст.  Муқарриз доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомиддин Зоҳидов. Мураттиб Дилафрӯз Рашидова.  Муаллифон омӯзонидани асосҳои назариявӣ ва амалии пайдоиш, таҳаввул ва инкишофи адабиёти араб ба толибилмонро ҳадаф қарор додаанд.

   Гузинаи электронии китоби мазкурро барои ҳама толибони илме, ки мехоҳанд бо таърихи ададбиёти араб ошно шаванд, ин ҷо мегузорем. Ва ҳамзамон хоҳиши хонандаи худ Асмоа Ахмедова, ки мегӯяд омӯзгор дар шаҳри Панҷакат мебошад, иҷро мекунем.

   Чанд рӯз пешАсмоа Ахмедова  аз тариқи саҳифаи фейсбукии сомонаи Китобхонаи миллӣ бо ҳамин дархост муроҷиат намуд. Гуфт, ки муаллимаи адабиёти араб аст, вале китоби дарсӣ надорад. Мо намедонем, ки ин исми ӯст ё имзои мустаор аст. Ва муҳим ҳам нест. Муҳим он аст, ки бовар дорем аз ин китоб садҳо нафар донишҷӯёни риштаи филологияи Шарқ истифода хоҳанд кард.

Дарёфти китоб