Аз субҳ дар Китобхонаи миллӣ ба истиқболи Ҳафтаи китоб “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд, ки қарор аст муддати ду рӯз идома кунад. Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳост.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш гуфтанд, ки бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилоти олии касбӣ ва мутобиқ кардани он ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддии таҳсилоти олии касбӣ оғоз шудааст.
Матни комили суханронии Пешвои миллат дар
Анъана шудааст, ки оғози моҳи сентябр Ҳафтаи китоб аст ва бахшида ба ин рӯз ноширон китобҳои худро дар гӯшаву канори шаҳру ноҳияҳо ба намоиш мегузоранд ва даҳҳо тадорукоти дигар дар ин рӯзҳо амалӣ мешаванд. Як силсила аз ин чорабиниҳо дар саҳн ва дохили Китобхонаи миллӣ мегузаранд.
Рӯзи шанбеи гузашта ба истиқболи Ҳафтаи китоб кормандони Китобхонаи миллӣ як рӯзи