Аз субҳ дар Китобхонаи миллӣ ба истиқболи Ҳафтаи китоб “Рӯзи дарҳои боз” оғоз шуд, ки қарор аст муддати ду рӯз идома кунад. Дарҳои ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ҳамарӯза ба рӯйи хонандагон бозанд, вале имрӯз рӯзи хоса буд, рӯзи ошноии хонандаҳое ба Китобхонаи миллӣ буд, ки бори нахуст ба остонаи он по мегузоштанд. Рӯзи дарҳои боз бештар барои онҳост.
Кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро ба толорҳои хониш раҳнамоӣ карданд, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос намуданд.
Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба таърихи китоб ва китобхона дар Тоҷикистон мароқ зоҳир карданд, саҳифаҳои ин таърихро варақгардон намуданд ва онҳоро бо китобдорӣ дар кишвар ва сайри таърихии он ошно сохтанд.
Ҳадаф аз баргузории рӯзи “Дарҳои боз” ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва китобхона аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони кишвар имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик ошно шаванд.
Чанд акс аз оғози Рӯзи дарҳои боз, ки ҳамкорамон Хусрави Милод бардоштааст.