“Ҳамешабаҳор” дар саҳни Китобхонаи миллӣ

   Ҳамчуноне хабар дода будем, шоми дирӯз (04.04.2019)дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” баргузор гардид. Мавзӯи  маҳфил “Баҳори  Гурез Сафар”  буд.

  Маҳфили «Ҳамешабаҳор» - ро директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом  Мирализода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин аз ҳозирин даъват намуданд, ки аз ганҷинаҳои ниёгонамон, ки дар Китобхона маҳфузанд, баҳри боз ҳам ғанӣ гардидани донишашон истифода баранд.

   Гардонандаи маҳфил чун ҳамеша шоири шинохта Хайрандеш ва базморо ҳунарпешаҳои шинохтаи маъруфи кишвар  Ҷамшеди Исмоил, Афзалшои Шодӣ, Қурбоналӣ Раҳмон ва Раҳматуллои Ҳошим буданд. 

   Маҳфил аз ҳафт равза:   Афрўза   (Ганҷи китоб),  Афроза (шоҳбайтхонӣ),   Афшина  (Зарбулмасалу  мақол),  Афшона  (танзу ширингуфторӣ),  Андеша  (Чистону  муаммо),  Ангеза  (Байтбарак),  Ангора  (тафсири як шоҳбайт) иборат буд.

   Ҳафт нафар ғолибон дар ҳафт бахш муайян шуданд ва ҳар кадом соҳиби ҷоизаҳои гаронбаҳо шуданд.

   Шоҳҷоиза насиби Шукрона Сайидализода ном хонандаи синфи 5 аз  мактаби таҳсилоти  умумии №8 –и ноҳияи Исмоили Сомонӣ   гардид. 

  Фаридун Азизов