Намоиши китоб бахшида ба “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”
Нашр шуд 2020-04-02 15:27
Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бахшида ба «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасон » даҳҳо китоби дар солҳои мухталиф навишташударо ба намоиш гузошт. Ин намоиши китоб қарор аст то як ҳафта идоама кунад. Дар ин муддат хонандагон имкон доранд бо беҳтарин нигоштаи шоирону нависандагони тоҷик ва адибони хориҷӣ дар бориа кӯдакон ошно шаванд.
Дар намоиши китоб хонандагон метавонанд мувофиқи завқи худ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва ғайра китоб пайдо кунанд ва мутолиа намоняд.
Аксари ин китобҳо дар Тоҷикистон интишор ёфтаанд, вале дар миёни онҳо ҳастанд китобҳое, ки дар хориҷи кишвар нашр шудаанд.
Китобҳо дар мавзуъҳои мухталиф иншо шудаанд ва назмиву насрӣ мебошанд. Дар ин радиф ҳамчунин китобҳои энсиклопедӣ, донишномаҳо низ ба намоиш гузошта шудаанд.
Тавре маълум аст “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” аз 2- апрел шурӯъ шуда, дар назар аст то 9- апрел идома намояд.
Фирўза Раҳимова