Нахустин чорабинӣ аз силсилаи “Нурафшони сухан” ба мавзуъи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуд.
Имрӯз дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасон чорабинии муштарак бо Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нурафшонии сухан» баргузор шуд.
Чорабинӣ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуиӣ бахшида шуда буд. Ширкаткунандагон дар бораи навъҳои ҳунарҳои мардумӣ кандакорӣ, камонгарӣ намадбофӣ, пардозгарӣ, кокулбофӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қолибофӣ, сангтарошӣ ва ғайра изҳори назар карданд.
Дар чорабинии мазкур муовинони Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов ва Салима Раҷабова ва Директори маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Сафарзода ва кормандону хонандагони шуъба иштирок доштанд.
Дар чорабинии “Нурафшонии сухан” хонандагон низ фаъолона дар атрофи навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Ҳамчунин дар ин нишаст ба ширкаткунандагон гуфта шуд, ки чаро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин солро соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон краданд. Ҳадаф таваҷҷуҳи бештар ба пешрафти ин соҳаҳо ва эҳёи ҳунарҳои мардумиву табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари сайёҳӣ мебошад. Тоҷикистон барои рушди ҷаҳонгардӣ ҳама шароитҳоро дорад, танҳо бояд таваҷҷуҳ кард.