Зарфи шаш рӯзи аввали таътили зимистона 743 нафар хонандагони наврас вориди толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ шудаанд, ки аз ин ҳисоб 112 нафари онҳо касоне мебошанд, ки бори аввал ба китобхона омадаанд. Ин саду дувоздаҳ нафар аъзои нави китобхона аз ҳисоби наврасону кӯдакон мебошад.
Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 120 нафар хонандагон вориди толори хониши кӯдакону наврасон мешаванд. Ин гуна фаъол будани хонандагон дар айёми таътили зимистона қаблан дида намешуд.
Зарфи ин шаш рӯзи охир хонандагони ин толор 2286 адад китоб суроғ ва талаб кардаанд. Масъулини толор мегӯянд хонадагон бештар адабиёти бадеъӣ талаб мекарданд. Аз ҷумла, толибони асарҳои Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сайидои Насафӣ, Убайд Раҷаб, Ҳаким Саноӣ Ғазнавӣ, Ҷўра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷаева, Чигўяк, Афсонаҳои халқи Тоҷик, Донишномаи кўдакон ва наврасон, Чистонҳо хеле зиёд буданд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар толори хониш барои наврасону кӯдакон ҳамчунин 14 адад компютер насб карда шудааст, ки дар онҳо хонандагон метавонанд китобҳои дарсиву барномаҳои таълимӣ ва ҳар гуна барномаҳои дигарро мутолиа намоянд.
Масъулини ин толор бар ин назаранд, ки рӯз аз рӯз рағбати мутолиаи китоб миёни наврасону кӯдакон бештар мегардад ва як далели ин ҳамеша пур аз хонанда будани толор дар рӯзҳои таътили зимистона аст. Вақте бачаҳо ба ҷои беҳудагардӣ китобхонаро интихоб мекунанд, ин хеле хуб аст.