Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани my ҷавшан аст.
Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро дониши бузургаш ӯро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати