Низомуддин Алишери Навоӣ
Низомуддин Алишери Навоӣ аз ҷумлаи маъруфтарин адибони ҳавзаи адабии Ҳирот аст, ки чун поягузори адабиёти узбек шинохта шудаст.
Нуҳуми феврали соли 1441 дар шаҳри Ҳирот (қаламрави имрӯзаи Афғонистон) таваллуд шудааст. Шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти класикии ўзбек, ходими давлатӣ.
Падари Навоӣ Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони хонадони Темуриён буд. Ў ҳаводори шеъру шоирӣ дар хонааш бо адибони давр сўҳбатҳо меорост. Навоӣ аз овони кўдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси зиёде зоҳир намуд ва дар 15 – солагиаш ҳамчун шоири зуллисонайн, ки ба забонҳои ўзбекии қадим – туркии чиғатоӣ бо тахаллуси «Навоӣ» ва форсӣ – тоҷикӣ бо тахалуси «Фонӣ» эҷод мекард, машҳур гашт.
Навоӣ дар шаҳрҳои Ҳирот, Машҳад ва Самарқанд таҳсили илм кардааст. Соли 1469 Навоӣ мўҳрдори ҳукмрони Хуросон Ҳусайни Бойқаро таъин гардид ва баъдтар (1472) вазифаи вазир ва унвони амирро соҳиб шуд.
Навоӣ чун арбоби давлатӣ барои ободонии мамлакат, сохтмони мадрасаҳо, шифохонаҳо кўшиши зиёд менамуд, ба олимон, шоирону хушнависон доимо дасти ёрӣ дароз мекард. Якҷоя бо устодаш Абдурраҳмони Ҷомӣ ба ҳаёти илмӣ, адабӣ ва мадании давр сарварӣ мекард. Солҳои 1447- 1449 Навоӣ дар яке аз ноҳияҳои дурдаст – Астаробод ҳоким таъин шуд, вале баъд аз ду сол ба Ҳирот баргашта, аз корҳои давлатӣ даст кашид ва то охири умр ба кори эҷодӣ машғул гардид.
Алишери Навоӣ аз худ мероси адабию илмии фаровон, зиёда аз 30 маҷмўаи шеърҳо , достонҳо, асарҳои насрӣ ва рисолаҳои илмӣ боқӣ гузоштааст. Солҳои 1492-1499 Навоӣ аксари ашъори ўзбекиашро ба унвони «Хазоин-улмаонӣ» дар чаҳор девон ҷамъ намуд, ки онҳо ба чор давраи шоир мутобикат доранд: «Ғароиб-ус-сиғар», «Наводир-уш-шубоб», «Бадоеъ-ул-васат», «Фавоид-улкибар». Маҷмўаи мазкур бо номи «Чаҳор девон» низ маъруф аст. Дар ин девонҳо зиёда аз 3130 ғазал ва шеърҳои гуногунжанри лирикӣ ҷой доранд. «Чаҳор девон» дар инкишофи назми ўзбек мавқеъи баланд ишғол мекунад.
Навоӣ девони дигаре дорад, ки бо номи «Девони Фонӣ» машҳур аст. «Девони Фонӣ» аз 12 ҳаз. мисраъ иборат буда, дар он ашъри форсӣ-тоҷикии шоир ҷамъоварӣ шудаанд. Навоӣ дар мактаби эҷодии адабиёти классикии халқҳои Шарқ, махсусан форс-тоҷик тарбия ёфта, ҳамчун шоир ташаккул ёфтааст. Дар ашъори Навоӣ ғояҳои инсондўстӣ, адолатхоҳӣ, накўӣ ва накўкорӣ ҷои асосиро ишғол менамоянд.
Навоӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ як силсила қасидаҳо офаридааст, ки бо унвонҳои «Ситтаи зарурия» ва «Фусули арба» маълуманд. Қасидаи «Туҳфат-ул-афкор», ки ба силсилаи «Ситтаи зарурия» дохил аст, с.1476 ҷавобан ба «Луҷат-ул-асрор»-и Ҷомӣ ва «Даръёи аброр»-и Хисрави Деҳлавӣ навишта шудааст. Қасидаҳои «Фусули арба» чаҳор фасли табиатро инъикос мекунанд.
Маҳорати Навоӣ дар офаридани «Хамса» низ ҷолиби диққат аст. Садриддин Айнӣ «Хамса»-и Навоӣ – ро «яке аз беҳтарин намунаҳои адабиёти классикии Шарқ» номидааст. Ин асари Навоӣ чун натиҷаи қонунии инкишофи назми эпики Шарқ ва хусусиятҳои беҳтарини анъанаи ҳамосасароӣ с-ҳои 1483-1485 эҷод гардида буд.
«Хамса»- аз чунин достонҳо ташкил ёфтааст:
- «Ҳайрат-ул-аброр»;
- «Фарҳод ва Ширин»;
- «Лайли ва Маҷнун»;
- «Сабъаи сайёр»;
- «Саъди искандарӣ».
«Ҳайрат-ул-аброр» ва 64 боб (қисми асосиаш 20 мақола) иборат буда, ва фалсафӣ баҳс мекунад. «Фарҳод ва Ширин» достони ишқи паҳлавони халқ – Фарҳод ва Ширин зебост. Навоӣ дар достон Фарҳод – муборизи ҳақиқат ва адолатро аз Хусрав баландтар гузоштааст. Ҷиҳати хуби достон он аст, ки шоир дар сурудани он аз воситаҳои бадеии фолклорӣ, аз анъанаҳои достонҳои халқӣ истифода бурдааст. «Лайлӣ ва Маҷнун» достони машҳури ишқӣ аст, ки Навоӣ онро бо пафоси баланди гуманистӣ эҷод кардааст. Достони Навоӣ ба адабиётҳои гуногуни Шарқ ва фолклори ўзбек таъсири зиёде расондааст. Дар достон тақдири Баҳроми ба айшу нўш додашуда ва оқибати фоҷиаанҷоми ў ибратангез тасвир шудааст. Тавасути ҳикояҳое, ки аз забони мусофирон оварда шудааанд, идеалҳои Навоӣ тасдиқ ва ташвиқ мешавад.
Дар достони охирини «Хамса»-и Навоӣ қаҳрамони асосӣ шоҳи идеалӣ- Искандар буда, ҷанбаи фалсафию иҷтимоии он хеле пурқуват аст.
Асарҳои Навоӣ борҳо ба забонҳои гунгун, аз ҷумла, ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Номи Навоӣ ба кўча, мактаб, хоҷагиҳо ноҳияҳо, донишгоҳҳо ва китобхонаҳо дода шудааст. Дар асоси асарҳои Навоӣ опера ва драмаҳо ба майдон омад, нависандагони замони Шӯравӣ – Ойбек, Уйғун, И. Султон., Б. Ведеский., Л. Бат, Миркарим Осим дар бораи Навоӣ роман, повести, драма, достон ва ҳикояҳо офаридаанд. Драмаҳои мусиқии ўзбекии «Лайливу Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», ки дар асоси достонҳои Навоӣ таҳия шудаанд ва драмаи таърихии «Алишер Навоӣ»- и Уйғун ва Иззат Султон, ки ба ҳаёт ва фаъолияти доманадори Навоӣ бахшида шудааст, дар театрҳои Тоҷикистон низ намоиш дода шудаанд.
Низомуддин Алишери Навоӣ 3.01.1501 дар Ҳирот вафот кард.
Дар ин мақола аз матолиби Энсиклопедияи Советии тоҷик истифода шуд.
Дар бораи Алишери Навоӣ аз Китобхонаи миллӣ чиро метавонед мутолиа кунед?
Навоӣ, А. Аз «Туҳфатулъафкор номи қасидаи форси Навоӣ // Тоҷикистони сурх. – 1938. – 30 декабр; Газетаи муаллимон. – 1939. – 9 январ.
Навоӣ, А. « Хоҳӣ, ки бадат рў надиҳат, хушхў бош…»: Рубоиёт аз «Девони форсӣ» Таҳияи А. Муҳаммадӣ // Садои шарқ. – 1991. - №1. – С.85-90.
Навоӣ,А. Аз достони Фарҳод ва Ширин. Тарҷимаи Аминзода, М. // Тоҷикистони сурх. – 1940. – 27 сентябр.
Навоӣ, А. Аз ашъори форсӣ-тоҷикӣ: Дар ҷавоби ғазалҳои Саъдии Шерозӣ; Дар ҷавоби ғазалҳои ҳусрави Деҳлавӣ; Дар ҷавоби ғазалҳои Хоҷа Ҳофиз; Дар ҷавоби ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ; Дар ҷавоби ғазалҳои Амир Шоҳӣ; Дар ҷавоби ғазалҳои Абдураҳмони Ҷомӣ аз ихтирооти Алишер Навоӣ // Садои Шарқ. – 1966. – №8. – С.116-131.
Навоӣ, А. Аз маст бипурсед, ки девона кадом аст?; Хуни ман резиву май бо дигарон нуш кунӣ!; Чун бувад як дўст будӣ кош душман ҳам яке; Ҷуз васл мудоваи дигар нест: Шеърҳо // Суруди дилнишин. – Душанбе,1963. – С. 49-53.
Осор
Навоӣ,А. Ба хотири устод: Порча аз «Ҳамсат-ул-мутаҳайирин» // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1968. – 26 сентябр.
Панду ҳикматҳои Навоӣ /Тарҷ. Ҷ.Ифтихор // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1967. – 19 май; Ҳақиқати Ленинобод.– 1967. – июн.
Навоӣ, А. Дар бобби давлати дўстиву хислати вафо: Шеър // Шараф. – 1991. – 5 январ.
Дар бораи Алишер Навоӣ
Мулоҷонови Шаҳристонӣ: Сардафтари адабиёти узбек // Шарқи Сурх. – 1948. – №5. – С. 15-20.
Деҳотӣ, А. Гуфтаҳои Ҷомӣ дар бораи «Хамса» - и худаш ва «Хамса» -и Навоӣ / Аз «Хирадномаи Искандарӣ» // Шарқи Сурх. – 1949. – №5. – С. 27-28.
Гуфтаҳои олимон ва нависандагони тоҷик, ки бо Алишер Навоӣ ҳамаср будаанд // Тоҷикистони Сурх. – 1948. – 15 май.
Афсаҳзод, А. Аҳду вафо: Ҷашномаи Навоӣ // Садои Шарқ. – 1968. – № 8. – С.121-128.
Аббосов, А. Шарқшинос Вяткин дар бораи Алишер Навоӣ // Тоҷикистони советӣ. – 1968. – 19 март.
Мусулмонқулов, Р. Сарчашмаҳои форсӣ дар арӯзи Навоӣ: Ба муносибати ҷашнвораи Алишер Навоӣ // Ахбори Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. – 1991. – №3(23). – С.3. (Силсилаи адабиётшиносӣ)
Самеъзода, А. Мулоқоти Восифӣ бо Алишер Навоӣ: Мерос // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – №16. – 17 октябр.
Ҳидоятов, И. Равобити дўстӣ ва адабии Ҷомӣ ва Навоӣ //Адабиёт ва санъат. – 2015. – 19 феврал.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова,
Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ