Ғубайро (Sorbus), санавдар, чайтан, четан, чатқол, ҷинси бутта ё дарахтони баргрез аз оилаи настараниҳо. Тақрибан 50 (тибқи маълумоти дигар 100) намуд дошта, дар манотиқи иқлимашон муътадили Нимкураи шимолӣ паҳн гардидааст.
Дар Тоҷикистон ғубайрои сурх ва сиёҳ мерўянд. Ғубайрои сурх дарахт ё буттаи пўсташ хокистарранг буда, то 2 метр қад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9–17 баргча) иборат аст), пармонанд. Гулаш сафеди хушбўй, аз 5 гулбарг иборат буда, моҳҳои май – июн мешукуфад. Мевааш гирда, зарди норанҷӣ ё сурхи ҷилодор (сентябр – октябр мепазад). Дар доманакўҳҳои Тоҷикистон намуди худрўйи он (санавдар) дучор меояд, ки мевааш каме турш ва талх аст (баъди сармо задан хуштаъму ширин мешавад). Онро тару тоза ё хушконида истеъмол мекунанд, барои истеҳсоли ширинӣ ё нўшокиҳо истифода мебаранд. Ғубайрои сурх ба миқдори зиёд каротин, витаминҳои С, Р, РР, D ва К дорад. Ғубайрои сиёҳ аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Гулаш сафед, мевааш мурўдмонанд, сиёҳи ҷилодор, нордон ва хуштаъм. Аз ҳар бех дарахти боғии 40-солааш 100–250 кг мева меғундоранд. Онро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд.
Самари ғубайро шифобахш аст. Бино ба маълумоти Абуалии Сино, истеъмоли он сурфа ва қайро бозмедорад, баҳри медаю рўъдаҳо судманд мебошад. Табибони мардумӣ самари тару тоза ё шарбати ғубайрои сурхро чун давои дарунрон, пешоброн ва хунбанд тавсия медиҳанд, бо он бемориҳои шуш, тарбод ва исҳоли хунин, бо шираи мевааш бавосир, бо ҷўшобаи баргаш ширинчаро табобат менамоянд. Меваи тару тозаи.
Ғубайрои сиёҳ ғалаёни хунро суст мекунад. Бо чой ва шарбати самари он бемории атеросклерозро дармон мебахшанд (рўзе 2–3 бор нўшидан лозим). Агар 4 чумча меваи ғубайрои сиёҳро дар 0,5 л об андохта, пагоҳӣ дар дили наҳор биошоманд, фишори хунро паст мекардааст. Саноати тиб аз меваи ғубайрои сиёҳ қурсҳои витаминии махсус истеҳсол мекунад.
Истеъмоли ғубайро, хосса ғубайрои сиёҳ, ҳангоми бемории захми меъда, рўдаи дувоздаҳангушта, илтиҳоби меъда, қабзият, бавосир, ғафс будани хун ва тромбофлебитҳо зиён дорад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 120.
Муаллиф Ҳоҷиматов М.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.