Завқиҳо дар адабиёти форсу тоҷик

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шоирону нависандагони зиёде бо ному тахаллуси Завқӣ эҷод кардаанд. Ҳар кадоме дар гӯшае аз қаламрави форсзабонон макон доштаву бо завқу салиқаи хос шеъру достон сурудаанд. Шояд бо ин тахаллус хеле зиёд донишмандон дошта бошем. Ва ин бояд бештар пажӯҳиш шавад. Дар ин матлаб аз чанде ёд мекунем.

Завқӣ

Абдуқаҳҳор ибни Муҳаммадкарим, шоири тоҷик. Дар Бадахшон маълумоти ибтидоӣ гирифта, таҳсилашро дар Бухоро давом дод ва пас аз хатми мадраса  ба зодгоҳаш баргашт. Шахси таҳсилкарда, огоҳ аз улуми динӣ будааст. Соли 1877 дар Бадахшон вафот кардааст. Ин ғазал аз ўст:

Ғунча, гў, лаб макушо, к-он гули хандон ин ҷост,

Сарв, кам ҷилва кун, он сарви хиромон ин ҷост.

Зоҳидо, аз сари кўяш наравам сўи биҳишт,

            Майли ҷаннат накунам, равзаи ризвон ин ҷост.

            Хизр беҳуда марав дар талаби оби ҳаёт,

            Дар лабаш ёфтаам, чашмаи ҳайвон ин ҷост.

            Чашмаш ошўби ҷаҳон, раҳзани ақлу дилу дин,

             Ғамзааш қотили ҷон, фитнаи даврон ин ҷост.

            Завқӣ аз хоки дараш рўй натобад ба ситам,

            З-он ки кони караму маъдани эҳсон  ин ҷост.

Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”– Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 582.

Муаллиф: А. Ҳабибов

Завқӣ

Абдуннабӣ, шоири тоҷик (асри 19). Шахси таҳсилкарда, огоҳ аз улуми  динӣ будааст. Дар манбаъҳои адабӣ ўро устоди комили шеър тавсиф намудаанд. Ғазалу қасида месурудааст. Дар як қасидааш таърихи сохта шудани бинои масҷидеро дар Кўлоб ва ояҳоро аз Қуръон овардааст. Абёти зер намунае аз навиштаҳои ўст:

            Малоф , наргиси берангубў, ту бо гули сурх,

            Ки ҳаст мазҳари анвори Мустафо гули сурх

            Чӣ сон ба рутбаи файзаш расад дигар, ар боз

            Диҳад ба гулшани ҷонбўи Муртазо  гули сурх,

            Агарчи лолаву райҳон муфаррихи дилҳост,

            Бувад ба чашми яқин нури дидаҳо гули сурх...

            Зи сайри  ў ҳамаро ғунчаи мурод шукуфт,

            Ба кори бастаи мардум гиреҳкушо гули сурх          .

            Ба мавсимаш ҳама халқи надида дида шаванд,

            Кӣ ҳаст сурати ҷоми  ҷаҳоннамо гули сурх...                                                                                                                                                                                                                              

Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”– Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 582.

Муаллиф: М. Диловаров

Завқӣ

Завқӣ Мир Ғуломшоҳ, шоири тоҷик. Дар деҳаи Ғуруми Дарвоз таваллуд шудааст. Падараш-Мулло Ҳусайнӣ яке аз ашхоси машҳури Дарвоз, шоири мутасаввиф буд.

Завқӣ дар Дарвоз таҳсил карда, чун шоир ва хатот (нависандаи хатти насҳ) машҳур гардид. Инчунин дар ҳадис, тафсир, мантиқ вас сарфу наҳв маҳорат дошт. Аз осори боқимондааш (дар тазкираҳо ва баёзҳо) бармеояд, ки ў ғазал, мухаммасҳо (бар ғазалҳои Соиб, Бедил, Калим ва дигарон) низ навишта, аз онҳо пайравӣ мекардааст. Соли 1838 дар Вахё вафот кардааст. Абёти зер аз ўст:

                   Аҷоиб водии зўрест, танҳо рафтанам  мушкил,

                   Танам бемору чашм аъмову  поям рафта  андар гил.

                   Ба мисли ғунчаам, Завқӣ, зи рангу бўи худ  ғофил,

                   Кашидам он қадар ҳиҷрони ў, рухсораам, Бедил,

                   Тилой шуд, хазон шуд, қаҳрабо  шуд, ранги заъфар шуд.

                   Завқӣ  соли 1838, дар Ваҳиё  вафот намудааст

Бозчоп аз Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.6. – С. 582.

Муаллиф: Х. Шариф, С. Ализода.

Завқии Тунӣ

Мавлоно Муҳаммадамин, шоири Эронӣ. Дар тазкираҳо аз Завқии Тунӣ чун шахси таҳсилкарда, донишманд, огоҳ аз илмҳои расмии давр ёд шудааст. Баъди таҳсили илм ў дар  қатори «уламои киром»  ва «фузалои изом» ҷо гирифт.

Ў чун донандаи илмҳои ҳикмату калом шўҳратманд гардида буд. Дар шеъру шорӣ Мавлоно Ҳузнии Исфаҳониро устоди худ медонист. Муддате дар шаҳрҳои Кошону Гелон зиндагӣ кардааст. Шоири нуқтасанҷу нозукалом буд. Дар сурудани анвои гуногуни шеър, махсусан, ғазалҳои ишқӣ маҳорат доштааст.

Ашъори Завқии Тунӣ бо сабки «вуқўъгўӣ» (реализм) ба тарзи восўхт нигошта шудаанд. Соли 1571/72 дар Лоҳиҷони Эрон аз гузаштааст. Абёти зер аз ўянд:

            Метавонам, ки пайи он гули раъно наравам,

            Бо тағофул чу зи ман бигзарад, аз ҷо наравам.

            Ончунон нестам акнун, ки чу аз ман гузарад,

            Дилам ором нагирад, зи паяш то наравам.

            Аз ҷафоҳош чунонам, ки ба бозор имрўз

            Юсуф ар ҷилва намояд, ба тамошо наравам

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик– Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 581.

Муаллиф: А. Ҳабибов

Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,

корманди  шуъбаи библиографияи миллӣ.