Имсол устод Асадулло Сӯфизода, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 85-умин солгарди баҳори умрашро ҷашн гирифт. Устод Сӯфизода аз ҷумлаи фолклоршиносони маъруфи кишвар, муаллифи садҳо мақола, даҳҳо китоб дар бораи эҷдоиёти шифоҳии мардум аст. Муҳимтар аз ҳама устоди садҳо шогирдоне мебошад, ки имрӯз дар гӯшаву канори хоки кишвар саргарми таълиму тадриси насли наврасанд.
Профессор Асадулло Сўфизода 20 марти соли 1932 дар деҳаи Баландчашмаи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1956 факултаи таъриху филологияи УДТ-ро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба итмом расонда, дар Донишкадаи давлатии педагогии ш. Кўлоб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс додааст. Солҳои 1958-1962 дар Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АИ Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ кор карда, ҳамзамон дар аспирантураи он хондааст. Аз соли 1963 дар кафедраи фолклор ва адабиёти УДТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолияташро шурўъ намуд ва қариб ним аср ба таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон шуғл варзид.
Баробари фолклоршиносӣ ба адабиётшиносӣ, шевашиносӣ, усули таълими адабиёт, танқиди адабӣ шуғл варзида, беш аз сесад таълифот ба нашр расондааст. Хидматаш бахусус дар таҳқиқи жанри фолклории чистон бебаҳост.
Хонандагони муҳтарам дар Китобхонаи миллӣ аз нигоштаҳо ва пажуҳишҳои профессор Сӯфизода ин матолибро метавонанд мутолиа намоянд:
Сўфизода, А. Инъикоси воқеияти советӣ дар фолклори тоҷик. – Душанбе. – Ирфон, 1977.
Сўфизода, А. Фолклор - афкори эстетикӣ ва иҷтимоӣ халқ: Сарсухан аз И.С. Брагинский. – Душанбе: Ирфон, 1982. – 223 с. Китоби дуюм.
Сўфизода, А. Фолклор - санъати сухан. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 205 с.
Сўфизода, А. Таҳаввулоти назми шифоҳии тоҷик. – Душанбе: Ирфон, 1992. – 272 с.
Сўфизода, А. Фолклор-ҳамрадифи таърих. – Душанбе: Адиб, 1994. – 108 с.
Сўфизода, А. Фолклор маҳзани сухан. – Душанбе: Адиб, 2007. – 112 с.
Сўфизода, А. Фолклор ва воқеият. – Душанбе, 2008. – 112 с.
Сўфизода, А. Сухан ҷавҳари фикр: Эҳдо ба шастсолагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Душанбе, 2009. – 109 с.
Сўфизода, А. Оид ба таълими чистонҳои халқӣ дар мактаб // Мактаби советӣ. – 1963. – №10. – С.16-18.
Сўфизода, А. Мирзо Турсунзода ва эҷоди халқ // Садои Шарқ. – 1981. – №8. – С.119-128.
Сўфизода, А. Ленин падари халқи ҷаҳон аст: Ба пешвози 113 – солагии В.И. Ленин // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 20 март.
Сўфизода, А. Ситоиши қаҳрамонони ватан дар фолклор // Тоҷикистони советӣ. – 1985. – 12 апрел.
Сўфизода, А. Аз кафши Карим-Девона то тавсифи Сафар Махсум // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. – 9 декабр.
Сўфизода, А. Вақти бараҳна гуфтан аст…: Роҷеъ ба поси хотири бузургони илму фарҳанг // Адабиёт ва санъат. – 1989. – 19 январ.
Сўфизода, А. Дўш мекардӣ ҳисоб…: Оид ба робитаи риёзиёт бо адабиёти классикӣ // Омўзгор. – 1994. – 9 феврал.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ