Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Кристиан Доплер – физикдоне бо шуҳрати ҷаҳонӣ

Доплер Кристиан 29 ноябри соли 1803 дар Залсбурги Австрия ба дунё омадааст. Физик ва астрономии австриягӣ. Узви АИ Вена соли (1848). Хатмкардаи донишкадаҳои Залсбург ва Вена соли (1825). Аз соли 1847 профессори Академияҳои кўҳкор ва ҷангали Хемнитса, аз соли 1850 профессори Университети политехникӣ дар Вена ва директори нахустин дар ҷаҳон Институти физикаи назди Университети Вена, ки бо ташаббуси ў ташкил шуда буд.

Доплер доир ба соҳаи оптика (аберратсияи рўшноӣ, назарияи мироскоп, назарияи рангҳо) ва акустика таҳқиқот анҷом додааст.

Соли 1842 аз суръат ва самти ҳаракати мушоҳид нисбат ба манбаи лаппиш ё манбаи лаппиш нисбат ба мушоҳида вобаста будани басомади лаппишҳоеро, ки мушоҳид қабул мекунад, аз ҷиҳати назарӣ исбот намуд (падидаи Доплер).

Падида (эффект) – и Доплерро физики фаронсавӣ Арман Физо соли 1848 саҳеҳ карда, соли 1900 Аристарх Белополский ба таври таҷрибавӣ санҷидааст.

Дар астрономия назарияи Доплер барои андозагирии суръати  ҳаракати  ситораҳо қад-қади хатти биниш, муайян кардани мушаххасоти чархзании сайёраҳо, ҳалқаҳои Зуҳал, хатҳои лағзиши доплерӣ дар тайфҳои афканишоти дар галактикаҳои дур мавҷуд (ки васеъшавии Кайҳонро собит мекунанд) истифода мешавад.

Соли 1970 Иттифоқи байналмилалии астрономҳо ба шарафи Доплер танўраеро дар тарафи нонамоёни Моҳ номгузорӣ кардааст.

Доплер 17 марти соли 1853 дар Венетсия вафот кардааст.

Бозчоп аз  «Энсклопедияи Миллии Тоҷик». – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 146.

Таҳияи Набиева Аниса

 корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.