Академик Файзулло Шарифзода аз китобхонаи шахсии худ беш аз 520 ва 173 автореферат ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Бахше аз ин китобҳо навиштаҳои худи устод Шарифзода буда, бахши дигар адабиёти муфиди илмиву бадеӣ мебошанд, ки солҳои гуногун дар бойгонии худ нигоҳ медошт. Дар миёни ин китобҳо асарҳое аз эҷоди олими шинохта: “Методикаи таълими
Ин монография ба яке аз масъалаҳои мубрам: ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ бахшида шудааст. Дар китоб ба ғайр аз ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ҷонибҳо дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ, ҳамчунин, марҳилаҳои истиқрор ва инкишофи ҳамкориҳои тарафайн бо назардошти махсусияти сохторҳои муайян ва вазъи минтақавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Моҳияти асосии таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ барои вусъати ҳамкориҳои баробар, бисёрҷониба дар асоси эҳтиром ва эътирофи манфиатҳои
Китоби дарсии “Менеҷмент”, ки ба тозагӣ чоп шуд, аз 14-қисм иборат аст. Тавре дар сарсухани он омадааст он дарбаргирандаи 777 мавзӯи муҳими менеҷменти муосири ҷаҳонӣ, зиёда аз 3000 сарчашмаи адабиёт, саволҳои санҷишию тестӣ, гуфторҳою хирадномаҳои мутафаккирони бузурги замон, зиёда аз 3000 саволу ҷавоб ва ахтарони дурахшони роҳбарӣ, ҳидоятҳои расидан ба пешвоӣ, масоили санъату хариди ташкили идоракунии касбии равониву иқтисодӣ ва вақтшиносӣ, асосҳои назариявии мактабсозиву сарварсозӣ, таълимоти бефосилаи касбӣ- электронӣ ва ташаккули менеҷменти муносибатҳои байналмилалиро дар корпоратсияҳову
“Дар “Қомус-ул-аълом”-и туркӣ, ки аз тарафи Шамсиддини Сомӣ таълифаш дар охирҳои асри ХIX тамом карда шудааст, дар моддаи “тоҷик” ин эзоҳотро мебинем (тарҷимаи айнан): “Тоҷик” дар асл номи як қавмест аз туркҳо. Дар замони ҳозира ин ном ба як тоифаи аҳолии эрониасли Осиёи Миёна, ки бо забони форсӣ гап мезананд, дода шудааст. Инҳо дар шаҳрҳо ба тиҷорат ва пешаварӣ (косибиву ҳунармандӣ) ва дар деҳот ба зироат машғул буда, фаъол, соҳибистеъдод ва нисбат ба сосири тоифаҳои аҳолӣ маданӣ бошанд ҳам, монанди турк, узбак, тотор афғонӣ ва дигар қавмҳои кӯчманчӣ) хор мебошанд Қомусу-улаълом”, ҷилди 3, саҳифаи 1608, сутуни якум).