Ин монография ба яке аз масъалаҳои мубрам: ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ бахшида шудааст. Дар китоб ба ғайр аз ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии ҷонибҳо дар чорчӯбаи сохторҳои минтақавӣ, ҳамчунин, марҳилаҳои истиқрор ва инкишофи ҳамкориҳои тарафайн бо назардошти махсусияти сохторҳои муайян ва вазъи минтақавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Моҳияти асосии таҳқиқот дар он ифода меёбад, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ барои вусъати ҳамкориҳои баробар, бисёрҷониба дар асоси эҳтиром ва эътирофи манфиатҳои якдигарии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои абарқудрат , ба хусус Федератсияи Россия мусоидат намудааст.
Ин китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ