Назари донишманди тоҷик Рустам Ваҳҳоб дар бораи шаби ЯЛДО
Ялдо чунон ки ағлаби фарҳангҳо овардаанд, маъхуз аз сурёнӣ ба маънии мелоди арабист ва чун шаби ялдоро бо мелоди Масеҳ татбиқ мекардаанд, аз ин рӯ ба ин ном хонда шудааст. Чун эрониён ин шабро шаби таваллуди Митро (Меҳр) медонистаанд, онро бо талаффузи сурёнияш пазируфтанд ва дар воқеъ ялдо бо нуили урупоӣ, ки дар 25-и дасомбар тасбит шуда, муодил аст. Бинобар ин, нуили урупоӣ ҳамон шаби ялдо ё шаби чиллаи эронист.
Маросими таваллуди Митро ба унвони як рӯзи муқаддас бо оини Меҳр ба Урупо рафт. То он замон ҷашни таваллуд ва таъмиди Масеҳ рӯзи шашуми жонвия гирифта мешуд. Пас аз он ки масеҳият нуфуз ёфт ва бисёре аз одобу русуми меҳрӣ дар он ҷазб шуданд, мелоди Меҳр, ки ба эътиқоди меҳрпарастон наҷотдиҳандаи башарият дар охируззамон хоҳад буд, ба Масеҳ мунтасаб гашт ва бо густариши масеҳият дар Шарқ муҷададдан ба Эрон боз гашт ва «Шаби ялдо» номида шуд. Шаби ялдо ё шаби чилла дар оғози зимистон ва пешонии чиллаи бузург барои гоҳшумории Эрони қадим падид омада ва дар китобҳои нуҷум, аз ҷумла осори Берунӣ аз он сухан рафтааст.
Ялдо тӯлонитарини шабҳои сол ва оғози инқилоби шатавист (зимистонӣ), ки пас аз он офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадй таҳвил мешавад ва рӯзҳо андак-андак баландтар (дарозтар) мешаванд. Ин тӯлонитарин шаби сол дар назари эрониён наҳс буд, зеро илова бар сармои сахти зимистонӣ дар ин шаб ҳамлаи аҳремани торикӣ идома меёфт. Барои дафъи ин нуҳусат эрониён то бозомадани хуршед ба даври оташ шодӣ мекарданд ва хон мегустарданд ва маязд нисор мекарданд, ки бозмондаи ин расм ҳанӯз барҷой аст.
Кирмониҳо муътақид буданд, Қорун ба шакли ҳезумшикане шаб ба дари хонаҳо меояд ва ҳезум ба онҳо медиҳад, ки ин ҳезумҳо ба шимши (хишти) тилло табдил мешаванд ва бино бар ин то субҳ бедор мемонанд. Ин маросим ёдовари Бонуил дар Крисмус аст ва мерасонад, ки Ялдои эронӣ ва Крисмус аз як моя сарчашма гирифтаанд.
Дар адабиёти форсӣ шуаро зулфи ёр ва ҳамчунин рӯзи ҳиҷронро аз ҳайси сиёҳӣ ва дарозӣ ба шаби ялдо ташбеҳ мекунанд ва аз ашъори бархе аз онҳо монанди абёти зер аз Муъиззӣ ва Саноӣ низ робитаи байни Масеҳ ва Ялдо дарк мешавад:
Эзади додор меҳру кини ту, гӯӣ,
Аз шаби Қадр офариду аз шаби Ялдо.
З-он ки ба меҳрат бувад тақаррруби муъмин,
З-он ки ба кинат буват тафохури тарсо.
(Муъиззӣ)
Ба соҳибдавлате пайванд, агар номе ҳамехоҳӣ,
Ки як аз чокарий Исо чунон маъруф шуд Ялдо.
(Саноӣ)
Шояд ба асоси ин байт буда, ки соҳиби «Бурҳони қотеъ»
пиндошта, ки Ялдо номи яке аз мулозимони ҳазрати Исо (а) будааст.
Шавоҳиди дигар:
Нури рояш тирашабро рӯзи нуронӣ кунад,
Дуди хашмаш рӯзи равшанро шаби Ялдо кунад.
(Манучеҳрӣ)
Қандил фурӯзӣ ба шаби Қадр ба масҷид,
Масҷид шуда чун рӯзу дилат чун шаби Ялдо.
(Носири Хусрав)
Карда хуршеди субҳи мулки ту
Рӯзи ҳама душманон шаби Ялдо.
(Масъуди Саъд)
Шоҳе, ки ҳавлу кинаи ӯ бар адуи мулк
Тобанда рӯзро шаби Ялдо кунад ҳаме.
(Масъуди Саъд)
Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,
Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби Ялдо бинанд.
(Хоқонӣ)
Ҳаст чун субҳ ошкоро, к-ин сабӯҳе чандро
Бими рӯзи растахез аст аз шаби Ялдои ман.
(Хоқонӣ)
«Ва дар шабҳои Ялдои зулм, ки офтоби мулки ман ба
мағриби завол уфул намояд, чароғи фароғ чӣ гуна афрӯзанд?»
(«Синдбоднома»)
Рӯзи рӯяш чу барандохт ниқоби шаби зулф,
Гуфтӣ аз рӯзи қиёмат шаби Ялдо бархост.
(Саъдӣ)
Назар ба рӯйи ту ҳар бомдод Наврӯзест,
Шаби фироқи ту ҳар шаб, ки ҳаст, Ялдоест.
(Саъдӣ)
Суҳбати ҳукком зулмати шаби Ялдост,
Нур зи хуршед ҷӯй, бу, ки барояд.
(Ҳофиз)
Бедор шав, ки дар шаби Ялдои нестӣ
Дар парда аст чашми туро турфа хобҳо.
(Соиб)
Рӯз паҳлуи шаби Ялдо занад,
Хешро имрӯз бар фардо занад.
(Иқбол)
Ашки худ бар хеш мерезам чу шамъ,
Бо шаби Ялдо даровезам чу шамъ.
(Иқбол)
Чашми ҷонро сурмааш аъмо кунад,
Рӯзи равшанро шаби Ялдо кунад.
(Иқбол)
Ман дар дилам ҳазор шаби қутбист,
Ҳамраҳ ҳазорҳо шаби Ялдоро.
(Ахавони Солис)
Аз Фарҳанги асотир