Чопи китоби Пешвои миллат “Имоми Аъзам” дар Кобул
Нашр шуд 2017-02-03 12:13
Донишманди шинохтаи Афғонистон доктор Муҳийиддин Маҳдӣ мегӯяд “Пайравони мазҳаби Имом Абуҳанифа ҳиндустониҳо, покистониҳо, бангладешиҳо, туркҳо ва афғонҳо низ мебошанд. Бонобарин пешниҳод менамоям, ки ин китоб (Имоми Аъзам”-и Эмомалӣ Раҳмон) ба забонҳои ҳиндӣ, урду, банголӣ, таркӣ, ӯзбекӣ ва пашту тарҷума шавад”.
Интишороти “Амирӣ”-и шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон китоби Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Имоми Аъзам”-ро бо ҳуруфи ниёгон чоп кардааст.
Китоб аз ҷониби доктор Муҳийиддини Маҳдӣ ҳуруфнависӣ ва бо сарсухани ҳамин донишманд рӯйи чопро дидааст.
Муҳийиддини Маҳдӣ дар сарсухани хеш менависад: “Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон бо гузиниши мавзуъи муаррифии Абуҳанифа ба тоҷикон дар роҳи муаррифии исломи ростин гом ниҳода, нишон додааст, ки роҳбаре аст, ки мехоҳад шаҳрвандони кишварашро ба сарчашмаҳои нахустини тамаддун ва фарҳангашон ошно созад”.
Дар идома муаллиф менависад, ки ба ин кори муҳими ҳуруфнависӣ ва баргардони асар аз хати срилик ба алифбои ниёгон бо пешниҳоди профессор Шарофиддин Имомов- Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кобул ба хотири дарёфти савоб пардохтааст ва аз сӯйи дигар “бо ин кор фоидаи онро ом сохта, қобили истифодаи умуми форсигӯён ва фосидонон сохта бошам. Пайравони мазҳаби Имом Абуҳанифа ҳиндустониҳо, покистониҳо, бангладешиҳо, туркҳо ва афғонҳо низ мебошанд. Бонобарин пешниҳод менамоям, ки ин китоб ба забонҳои ҳиндӣ, урду, банголӣ, таркӣ, ӯзбекӣ ва пашту тарҷума шавад”.
Доктор Муҳийиддини Маҳдӣ дар поёни сарсухан менависад, ки “бо вуҷуди тафовутҳои андаки вожагон миёни забони навиштории ин асар бо забонҳои навишторӣ дар Афғонистон ва Эрон овардани тағйир дар онро беҳурматӣ ба каломи мулук талаққӣ намудам ва беҳтар донистам, ки аз ин тариқ форсигӯён ва форсидонон ба таври мустақим бо ин пешвои хирадманд ҳамсуҳбат шаванд ва ҳарфҳои ӯро бидуни тарҷумон аз забони худаш бишнаванд ва бихонанд. Гумон намекунам касеро биёбем, ки забон ва хати форсиро бидонад ва нуктае дар ин асар бар ӯ номафҳум бошад. Яқин дорам лаззате, ки аз хондани ин китоби азим насиби ман гардида, дигаронро низ даст хоҳад дод”.
Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон бинни Собит (р) барҷастатарин чеҳраҳои матраҳ дар улуми исломӣ, поягузор ва мураттиби фиқҳи исломӣ ва яке аз аввалин мутакаллимон ба шумор меравад.
Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солгарди таваллуди ин пешвои муслимин, ки ба як ҷашнвораи азими диниву фарҳангӣ дар олами Ислом табдил шуда, чорабиниҳои муҳими он бо ибтикори Сарвари давлати мо дар Тоҷикистон гузаштанд, ин асари пурарзишро навишта интишор дода буд.