Имрӯз охирин рӯзи дарҳои боз аст. Он рӯзи 1-уми сентябр чун анъанаи ҳарсола оғоз шуд ва имрӯз ба поён расид. Ҳадаф аз гузаронидани Рузҳои дарҳои боз ин ҷалби хонандагон ва донишчӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба мутолеъаи китоб, аз наздик шинос кардани онҳо бо имкониятҳои Китобхонаи миллӣ мебошад. Дар «Рӯзи дарҳои боз» кормандони масъули Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми меҳмонону хонандагоне, ки ба Китобхона ташриф оварданд ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон доданд, бо намудҳои хизматрасониҳои ройгону шартномавии Китобхона шинос карданд ва роҷеъ ба таърихи ин ганҷинаи меҳан иттилоъ доданд.
Тӯли ин се рӯз гурӯҳ-гурӯҳ хонандагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи Славяании Тоҷикистону Россия, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишкадаи давлатии санъат, факултаи “Китобдорӣ” вориди китобхона шуданд ва аз толорҳои хонишу намоишҳои китоб, осорхонаҳои китоб дидан намуданд.
Дар ин се рӯз бештар аз 1870 нафар хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни макотиби олӣ, ҳамчунин меҳмонони пойтахти кишвар ба китобхона омаданд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ зиёда аз 3200 буклету ки тобчаҳо ва маводҳои таблиғотӣ оиди фаъолият ва бартариҳои соҳаи хизматрасониҳои Китобхонаи миллӣ омода намуда, ба меҳмонони ташрифоварда тақсим намуданд.
Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ.