Китоби нав. Луғати Абулфазли Майдонӣ «АС-СОМӢ ФИ-Л-АСОМӢ”

Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва тавре аз муаррифии он бармеояд, шомили матни асари Абулфазли Майдонӣ –“ас-Сомӣ фи-л-асомӣ” – яке аз аввалин луғатҳои арабӣ ба форсӣ-тоҷикии асри  XII мебошад, ки дар шакли луғатнома бо пеш овардани калимаву ифодаҳои тарҷумавӣ ва тавзеҳотии форсӣ-тоҷикӣ бо ҳуруфи кириллӣ, сипас дар баробари онҳо нишон додани калимаҳои арабии тарҷумашаванда, мураттаб гардидааст.

Маводи фаровони калимаву ислоҳот ва ифодаҳои содаву равони тоҷикӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва ашёву ҳодисаҳои заминиву осмонӣ, ки аз матни ин китоб ҳосил мегардад, дар равшан кардани равандҳои инкишофи забони форсӣ-тоҷикии асриҳои  XI-XII аҳамияти  калони таҳқиқотӣ дорад ва барои истилоҳсозӣ дар забони муосири тоҷикӣ метавонад судманд бошад.

Китоби ҳозировардаи мо, ки инак пешкаши хонандагони арҷманд мегардад, шомили матни асари Абулфазли Майдонӣ –“ ас-Сомӣ фи-л-асомӣ”, яке аз нахустин  луғатҳои арабӣ ба форсии –тоҷикии аз асри  XII маҳфузмонда мебошад, ки дар шакли луғатнома бо пеш овардани калимаву ифодаҳои тарҷумавӣ ва тавзеҳотии форсӣ-тоҷикӣ, сипас дар баробари онҳо нишон додани калимаҳои арабии тарҷумашаванда, мураттаб гардидааст.

Мураттиби ин китоб дар муддати кори тарҷума ва таҳияи осори Абуалӣ ибни Сино аз арабӣ ба забони тоҷикиву русӣ Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бари дарёфти истилоҳоти муносиби илмиву фалсафӣ ба манбаъҳои гуногун муроҷиат мекард. Яке аз чунин манбаъҳо асари  Абулфазли  Майдонӣ луғати арабӣ ба форсӣ-тоҷикии “ ас-Сомӣ фи-л-асомӣ” ( Бартарин /китоб/ дар бораи исмҳо ) мебошад.

Исроил Иброҳимов

Мутахассиси  шӯъбаи

маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ