Даъват ба китоб ва Китобхона
Нашр шуд 2020-11-24 14:50
Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдоӣ яке аз шуъбаи муаззафшуда ва масъул дар тарғибу ташвиқи Китобхонаи миллӣ ва даъвати хонандагон ба китобу китобхонӣ дониста шудааст. Метавон зикр намуд, ки баҳри ҷалби хонандагон ва огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъба ҳамасола тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳрезишуда рӯзҳои “Дарҳои боз” мегузаронад, ки ин ҳам ба ҷалб ва ҳавасмандии муштариёни китобхона боис мегардад.
Инчунин шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ баҳри қаноатбахш будан инчунин камбудӣ ва бартариҳои соҳаи хизматрасони ба муштариён ҳар се моҳа “Пурсишнома” байни муштариён ва истифодабарандагони соҳаҳои гуногуни хизматрасонии китобхона мегузаронад.Мақсади асосии гузаронитдани “Пурсишнома” ин беҳтар намудани сатҳи хизматрасон ва камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намудан мебошад.
Борои ҷалби муштариён ва хонандагон Китобхонаи миллии Тоҷикистон робитаи ҳамкориро бо Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе инчунин бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким бахшида, барои даъвати хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷуёни донишгоҳу донишкадаҳҳо мактуб мефиристад ва онҳоро аз шароитҳои мусоиду хуби китобхона ва хизматрасониҳои фаврӣ хабардор мекунад. Кулли маълумоти заруриро дар мавриди Китобхонаи миллӣ дар ихтиёри онҳо қарор медиҳад.
Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали соли равон то кунун бештар аз 21 ҳазору 105 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. То имрӯз шумори умумии хонандагони Китобхона ба 218 ҳазору 733 нафар расидааст.
Исроил Иброҳимов, мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ