Дар ҳашт рӯзи аввали моҳи апрел шумораи хонандагони Китобхонаи миллӣ беш аз ҳазор нафар афзуд
Имрӯз, 8-уми апрел 251 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пайвастанд. Аксари онҳо донишҷӯёни макотиби олии кишвар ва хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахт буданд.
Зарфи 8 рӯз, яъне аз 1-ум то 8-уми апрел 1 ҳазору 69 нафар худро ба узвият дар Китобхонаи миллӣ номнавис карданд.
Дар ин рӯзҳо бештар аз дигар муассиаҳо донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъол буданд.
Ҳамчунин хонандагон ва устодони мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 96 ва 94-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бештар аз дигарон фаъолтар буданд ва узви Китобхонаи миллӣ шуданд.