Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Нашр шуд 2016-10-22 16:26
Аз қадимулайём гузашагонамон чор чизро муқаддас мешумориданд: об, оташ, хок ва бод. Ин муқаддасот чун мўъҷизаи бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт бароямон азиз аст. Аммо дар қатори онҳо мўъҷизаи дигаре низ ҳаст ва ба онҳо монандӣ надорад. Ин мўъҷизаи бебаҳо, ганҷинаи сухан ва хазинаи илму донишу маърифат- китоб аст. Китоб мўъҷизаест, ки шабеҳи офтоби зарфишон бо нурҳои зарҳамаш ба олами дилҳо нуру зиё мебахшад. Китоб бо саҳифаву ҳарфу сатрҳояш дар назар чанд варақ қоғазӣ оддӣ намояд ҳам вале ин аврақ таронаи сухан ва таровати баёну андешаҳост.
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бо чунин шиор «Китоб- манбаи дониш» кормандони шуъбаи хизматрасони библиографӣ ва чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 20-уми октябри соли 2016 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ №72, 74 ноҳияи Фирдавсӣ рафтанд.
Дар рафти вохўри бо хонандагон нисбати нақши китоб ва китобхона дар ҷомеа сухан ороста шуд. Ба хонандагон нисбати бузурги китоб, ки ҳамчун ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст.
Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумот ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт намуд, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад. Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиё, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пойдору устувор китоб мебошад. Чунин суҳбат ба хонандагон ва иштирокчиён хуш омад.
Кормандон оиди имкониятҳои истифодабари Китобхона, дастёбии ройгонро ба манобеҳои зерин:
- феҳрест ва картотекаҳои электронӣ;
- манобеи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон;
- бонки марказонидашудаи иттилооти ҳуқуқии «Адлия»;
- истодабари шабакаи байналмилали «Интернет»;
- Китобхонаи электронии диссертатсияҳои Китобхонаи давлатии Русия ва ғайра муфассал маълумот доданд.
Дар хулоса иштирокчиён ваъда доданд, ки ҳатман аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, аз ганҷинаи бузурги баҳраҳо хоҳанд бардошт.
Шариф Наботов,
Мутахассиси шуъбаи
хизматрасонии библиографӣ.