Маҳфили навбатии “Дар суҳбати адиб” бо ҳузури гарми Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баргузор шуд. Адиби маъруф ин рӯзҳо ҳафтодумин баҳори умрашро ҷашн мегирад.
Маҳфил рӯзи 26-уми октябр дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуд.
Мулоқоти навбатии кормандони Китобхонаи миллӣ дар доираи барномаи даъват ба китоб ва китобхонӣ бо донишомӯзони Донишгоҳи славиянии Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзод баргузор шуд. Дар ин мулоқот кормандони шуъбаҳои маркетин ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқи ва маркази такмили ихтисос ширкат карданд.
25-уми октябри соли равон соати 15:00 дар шуъбаи хизматрасонии махсус (маъюбон) маҳфили ҳамешагии «Равшандилон» баъд аз таътили тобистона бори аввал доир гардид.
Маҳфили навбатии Равшандилон-и Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳудудан 20 нафар шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд.
Аксари ин афрод касоне буданд, ки имкону малакаи эҷод доштанд, яке шеър менависад