Аз донишманди тоҷик Зафар Сайидзода бихонем, ки мегӯяд: Сухани тозае нахоҳем гуфт, агар гӯем, ки забондонии мо, тоҷикон, дар сатҳи паст қарор дорад ва ба далели ҳуҷуми фарҳангӣ, ки тавассути филмҳо ва видеомавод анҷом мегирад ва ба иллати таҳти таъсири барномаҳои саргармкунандаву аз ҳар лиҳоз мароқангези шабакаҳои телевизиони хориҷӣ мондани ҳаммиллатони мо сурат мепазирад, рӯз аз рӯз боз ҳам коҳиш меёбад.
Маҳфили аввалини “Хандарез”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати гуруҳи ҳунарии “Шакарханд” баргузор шуд. Соате аз ҳаҷвҳои намакину мутоибаи дилнишини гуруҳ ширкаткунандагон ба олам ханда рафтанд.
Хеле як маҳфили дилпазире буд. Барандаи маҳфил Раҳматуллоҳи Раҳим сараввал меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, баъдан, риштаи суханро ба меҳмонон, ба ҳунармандон дод.
Дар Маркази такмили ихтисос, дар асоси нақшаи тасдиқшудаи марказ курси омўзиши фаъолияти китобдорӣ ,дар соли 2016- ум фаъол шуд:
- Бо ташабуси Маркази такмили ихтисоси Китобхона чорабинии маърифатӣ таҳди унврни «Русияи муосир чӣ мехонад» бо дастгирии Фонди маърифатию - фарҳангии «Содействие» ва Китобхонаи давлатии Русия рўзи 22 январ, аз соати 10 то 13 дар ошёнаи-3, толори-№39 бо иштироки мутахасисони соҳаи китобдорӣ ва сардорони шуъбаву Марказҳо баргузор гардид:
Дар муддати 25-соли соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар якчанд пешравиҳо ва дастовардҳои назаррасе ба мушоҳида мерасад. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз зумраи ин дастовардҳои замони соҳибистиклолӣ ба шумор рафта, ки бо шароитҳои мусоид ва дар сатҳи олии хизматрасонӣ дарҳои