Ҳар кӣ дасти мо бигирад, эй Худо дасташ бигир!

Дар муддати 25-соли соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар  якчанд пешравиҳо ва дастовардҳои  назаррасе ба  мушоҳида мерасад. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ аз зумраи ин дастовардҳои замони соҳибистиклолӣ  ба шумор рафта, ки бо шароитҳои мусоид ва  дар сатҳи олии хизматрасонӣ дарҳои худро барои мардуми фарҳангии кишвари азиз ҳамеша кушодааст. Қобили қайд аст, ки   Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо ва роҷеъ  ба донишомӯзию касб омӯхтан борҳо изҳори назар кардаанд. Ба қавли устод Рудакӣ “дониш андар дил ҷароғи равшан аст”, ки инсонро аз торикиҳои ҷаҳолату  балоҳои осебпазир  ҳамчун ҷавшан  нигоҳ медорад.

Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми  шоиста касб кардааст. Китоб, ганҷ, манбаи дониш, дуст, ҳамсуҳбат ва раҳнамои кас мебошад. Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад. Биноан асарҳои  классикони бузурги мо низ тавассути китоб то замони  мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад.  Аз ин рӯ бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пуркимати худро ба беҳудагардию гаравидан  ба равияҳои ифротию радикалӣ ва корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд,то дар зиндагӣ душворие  садди роҳи онҳо нагардад ва фаҳмишу идрокро  доир  ба  суханҳои сафсатаи манқуркунандаи ифротгароҳо, ки имрўз ба истилоҳе  реша ба тероризим ва эктремизм дорад, рушан кунад ва офтобро бояд шинохт ва аз ҷоҳилияти беморкунанда, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, раҳо бояд шуд.  Тавре бузургон мефармоянд, одам худ аз худ хирадманд намешавад. Барои он ки шахс хирадманд гардад, пеш аз ҳама, бояд илму дониш омўзад.

Халқи тоҷик аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ  аҷр мегузорад  ва эътиқоди хосса дорад. Тоҷикон аз қадим мардуми ҳикматофарин буданд, аз қадим соҳиби китобу андарз буданд. Аз замонҳои то вуруди Ислом ҳам миллати мо соҳиби китоб буд. Аз даврони куҳан ёдгориҳои хаттие ба мисли «Авасто», «Дарахти ассурик» боқӣ  мондааст.

Дар бораи рушди фарҳангу адабиёт ва илм дар замони Сомониён ҷилд-ҷилд китобҳо навишта шудаанд, ки ҳоҷаб ба ёдоварӣ аз он даврон нест.  

Хушбахтона, имрўз дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон, намунаи  сиёсати фарҳангии замони ҳукуматронии давлати Сомониён аст, ки ин махзангоҳи илму ирфон дар бештари соири кишварҳои ҷаҳон чун намунаи ягона муаррифӣ  гаштааст, барои  кулли   ниёзмандони илму маърифат боз acт, ки имрўз Пешвои миллат ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву маърифатнокӣ ва илмомўзиро ташвиқ менамоянд. Сатҳи хизматрасонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сатҳи олӣ қарор дошта махсусан, Шуъбаи хизматрасонии махсус,  ки  бо  ҳидояти Сардори он инсони фарҳангию наҷиб, Фотима Яқубова ва ҷамъи кормандони ин Шуъба аз қабили Мусоева Санавбар, Яқубова  Саломат, Назарова Азиза, Раҳмонов  Фирўз, Шералиева Рисолат ва Мазориева Малоҳат, ки  барои хизмат расондан ба ашхоси имконияташон маҳдуд бо як меҳрубонию шоистагӣ  паи  иҷрои дархостҳои шахсони маълул  мебошанд.

Банда низ аз қабили хонандаи Шуъбаи мазкур ҳастам ва ҳамчун толиби илму дониш ҳангоми ба ин даргоҳи муқаддас барои баровардани ниёзҳои илмии хеш ташриф меорам, аз тарзи хизматрасониҳои Шуъба қаноатманд мешавам. Аз ин лиҳоз   арзу  сипоси бепоёнро шахсан аз номи худ ва аз номи  ҳамаи хонандагони ин Шуъба ба Директори ин боргоҳи маърифа,т  муҳтарам Сайфиддин Назарзода ва ба кормандони Шуъбаи хизматрасонии махсус мерасонам.
Боқӣ тансиҳату хотирҷамъ ва барои ин миллату давлат шоистаи ифтихору таҳсин бошанд.

Кам бувад азми ҷавонмардӣ дар ин дунёи пир,
Ҳар к
ӣ дасти мо бигирад, эй Худо дасташ бигир.







Абдулазиз  Ашуров
,
маъюби гурўҳи 2-ум хонандаи
Шуъбаи хизматрасонии махсус