Шеъри Мавзунҷон ғолиби маҳфили навбатии “Равшандилон”
Нашр шуд 2018-12-27 17:38
Баъд аз зуҳри 25-уми декабр дар Шуъбаи хизматрасонии махсус бо ширкати ҳудудан 15 нафар аъзои доимии Китобхона аз ҷумлаи шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд маҳфили навбатии «Равшандилон» доир гардид. Дар қисмати аввали маҳфил аъзоёни фаъоли шуъба чистону зарбулмасалхонӣ намуданд.
Қисмати дуюм бошад бошад шеърҳои тозаэҷоди иштирокчиён шунида шуд. Дар ин миён шеъри тозаэҷоди Мавзунҷони Ғафурзод, аъзои фаъоли шуъба, ки иборат аз чор мисраъ буд, ғолиб дониста шуд, Шеър чунин аст:
Ё Расулуллоҳ, ба даргоҳат парешон омадам,
Синачоку дилкабобу дидагирён омадам.
Амри ҳаҷрат бар сарам, бори гуноҳ бар гарданам,
Резад ин бори гуноҳ афтону хезон омадам.
Мавзунҷон пайваста ба Китобхонаи миллӣ меояд, дар чорабиниҳои Шуъбаи хизматрасонии махсус фаъолона ширкат мекунад, маъюбонро ба китобхона ва китоб ташвиқ менамояд.
Мавзунҷон зодаи Панҷакенти бостонӣ буда, 6-уми марти соли 1994 ба дунё омадааст. Фарзанди ягонаи хонадон аст. Дар айни замон волидонаш тарки олам кардаанд.
То синни ҳафтсолагӣ ба бемориии чашм гирифтор набуд, бинобар сабаби номусоид омадани фаслҳои сол тадриҷан мубтало ба ин беморӣ гашт ва дар натиҷаи табобати нодурусти табибон дидаи бинояшро аз даст дод.
Аз соли 2011 ба шаҳри Душанбе омад ва дар мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор таҳсилро идома дод. Соли 2013 дар озмунҳои гуногуни “Дастони моҳир”, ки дар шаҳру навоҳӣ баргузор мегарданд, ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Айни ҳол, Мавзунҷони Ғафурзод дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторӣ таҳсили илм мекунад.
Мавзунҷон ҳунарҳои бофандагӣ, сабадбофӣ, гулсозӣ аз риштаҳои гуногун ва эчодкорӣ машғул аст. Ў иштирокчии фаъоли чорабиниҳои фарҳангии консерваторияи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки “Равшандилон” маҳфили аҳли эҷод аст ва ҳар моҳ боре доир мешавад. Хонандагони шуъба аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдуд моҳе як маротиба гирди ҳам меоянд ва навиштаҳои тозаи худро қироат мекунанд ва аз шоири маъруф Хайрандеш, ки садри ин маҳфил аст, маслиҳату машварат мешунаванд.
Фарзонаи МИРЗО