“Дар Суҳбати гулҳо”-маҳфили бонувон

Имрўз, 6-уми сентябр ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дар сўҳбати гулҳо» доир гардид.
Муовини Директолри Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ ҳозиронро ба ҷашни пуршукуҳи 25-умин солгради Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд ва меҳмонони маҳфилро хайрамақдам гуфт.
Дар маҳфил узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Олимзода ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назокати Сафар бо шеъру таронаҳои тозаэҷодашон ширкат карданд.
Дар охир,  Гулҷаҳони Хуросонӣ, сарояндаи ансамбли «Сомон» аз эҷодиёти шоираи шинохта Назокат Олимзода таронаҳои ба тозагӣ оҳангбастаашро суруд,а хотири ҳозиринро шод намуд.