ҲАМӮ – ҲАМ Ӯ
Нашр шуд 2016-09-11 20:51Равшан аст, ки ин калима аз ду ҷузъ – ҳиссаи таъкидии «ҳам» ва замири (ҷонишини) «ӯ» иборат аст. Дақиқан мисли «ҳамон» ва «ҳамин», ки аз «ҳам» ва «он», «ҳам» ва «ин» иборат мебошанд. Аммо баракси «ҳамон» дар навиштори имрӯзӣ ҳамеша ба сурати ҷузъҳои ҷудо (ҳам ӯ) навишта мешавад ва танҳо дар мавридҳои хос, ки ҷанбаи таъкидии «ҳам» зиёд ва махсус аст, ба кор бурда мешавад. Масалан, «Ҳам шумо ва ҳам ӯ ин китобро хондаед». Дар матнҳои классикӣ, хусусан назм, ин таркиб мисли «ҳамон» зиёд ба назар мерасад ва ғолибан яклухт (яклахт) (همو)навишта мешавад:

8-уми сентябри соли равон, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар чорабинии ботантанаи идона ширкат ва суханронӣ намуд.


