«Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар даврони истиқлолият». Чунин ном дошт чорабиние, ки Шуъбаи адабиёти хориҷӣ ахиран доир намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода ба ҳозирон дар бораи Истиқлолият, таърихи он ва гузаштаи ин 25 сол нақл кард ва гуфт, ин 25 сол як роҳи пуршебуфароз ва пурмашаққате буд, ки Истиқлолияти моро пойдору устувор гардонд.
Имрўзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо касби истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишварҳои дунё ба расмият шинохта, бо мо муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуданд. Маҳз истиқлолият буд, ки мо имрӯз соҳиби Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва пули миллӣ худ ҳастем.
Адиби кӯдакнавис, шоираи ширинкалом Латофат Кенҷаева меҳмони толори хониши кӯдакон буд. Ин мулоқот дар дораи барномаи ҳамешагии дидор бо адибони маъруф доир шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 30 нафар хонандагони синфҳои 6-11 аз Литсей- интернати Президентӣ барои бачаҳои болаёкати шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Хонандагон асосан ба муаллима аз ҳайёт ва эчодиёташ саволҳо доданд ва посухҳои муфид барои худ дарёфт намуданд.