Activities calendar

19 сентября 2016

"Як байти парниён" дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд

Маросими рӯнамоӣ аз китоби "Як байти парниён" бо ширкати шахсиятҳои матраҳи фарҳангию донишгоҳӣ, намояндагиҳои Вазорати умури хориҷии Эрон ва корпусҳои дипломатии сафоратхонаҳои муқими Теҳрон, донишҷӯён, ҳунармандон ва хабарнигорон дар Фарҳангсарои Ниёварони Теҳрон бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ва Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор гардид. 
Дар маросими мазкур Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО, Неъматулло Эмомзода - Сафири Фавқулодда ва Комилҳуқуқи Чумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, доктор Ҳасани Ануша - тоҷикшинос ва сарпарасти Донишномаи адаби форсӣ, доктор Муҳаммадсарвари Мавлоӣ - устоди донишгоҳ ва Раиси собиқи Донишгоҳи Бомиён, доктор Тавфиқи Субҳонӣ - мавлонопажуҳ, хонум Заҳро Аслонӣ - адабиётшинос дар бораи ҷойгоҳи Рӯдакӣ ва аҳамияти китоби "Як байти парниён" изҳори