Китоб маҳсули хираду зеҳни ҷўяндаи инсон аст. Инсон ба хотири он, ки донишҳои андўхта ва андешаҳову афкори хешро ҳифз намояд, умр бахшаду ба ояндагон мерос гузорад, ҳарфу ҳиҷо эҷод намуда, сипас коғаз офарид ва ба василаи он китоб сохтанро омўхт. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки миёни ҳама ихтирооту офаридаҳои инсон арзишмандтарин он китоб аст. Маҳз тавассути сатрҳои бонизоми китобҳост, ки мо бо аҷдодони худ мусоҳиб ва аз андешаҳояшон огоҳ мегардем.
Дуруст фаҳмидан ва ба умқи ин дастоварди таърихӣ (Истиқлолият) рафтан аз шахс, пеш аз ҳама имони комил талаб мекунад. Инсони комил як умр пайи озодии хеш ҷадал мекунд, ки зиндагии озоду мустақил дошта бошад, то ки дар партави озодӣ фаъолият намуда, истеъдоди хешро баҳри миллату давлати хеш сарф созад. Халқи тоҷик пас аз пош хӯрдани давлати Шўравӣ мустақиллияти комилро ба даст овард, ки ин озодиро таърих ёд надошт ва миллати тоҷик ба кулли ихтиёрманд