Китоб маҳсули хираду зеҳни ҷўяндаи инсон аст. Инсон ба хотири он, ки донишҳои андўхта ва андешаҳову афкори хешро ҳифз намояд, умр бахшаду ба ояндагон мерос гузорад, ҳарфу ҳиҷо эҷод намуда, сипас коғаз офарид ва ба василаи он китоб сохтанро омўхт. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки миёни ҳама ихтирооту офаридаҳои инсон арзишмандтарин он китоб аст. Маҳз тавассути сатрҳои бонизоми китобҳост, ки мо бо аҷдодони худ мусоҳиб ва аз андешаҳояшон огоҳ мегардем.
Ҳар қавму миллате ба андозаи таърихии пешинаи худ соҳибкитоб аст. Мероси хаттии аз ниёгони мо ба ёдгор монда ниҳоят гаронсанг аст.
Китоби хуб метавонад маънавиёти ҳар яке моро чандин солҳо пеш бубарад. Хониши як китоби пурмаъно ҷои чанд лаҳзаи хуби зиндагиро пурра инъикос менамояд.
Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки ҳамчун дўсти беминнат метавонад дар лаҳзаҳои танҳоии зиндагии инсон ҳамрозу ҳамдам гардида, ба сайри олами зебоӣ барад. Тамоми бузургону донишмандон ва хирадмандони гузаштаву муосир китобро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ дониста, онро аниси кунҷи танҳоӣ ва фуруғи субҳи доноӣ пиндоштаанд.
Пешвои миллат, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон китобро дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот эътироф намудаанд. Ҳамчунин маҳз бо таваҷҷуҳи пайгиронаи ин шахсияти барўманду пуштибони миллат 4-уми сентябри соли 2007 ҳангоми оғози сохтмони бинои нави Китобхонаи миллӣ ҳамон рўзро «Рўзи китоб» эълон намуд.
Ин муассиса моҳи марти соли 2012 ба истифода дода шуда, тўли 4 сол аст, ки фаъолият менамояд. Айни ҳол, дар хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳазорон-ҳазор китобҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, меъморӣ, наққошӣ, таърих,тиббӣ,техникӣ, адабиётшиносӣ, сиёсатшиносӣ, мардумшиносӣ ва ғайраҳо маҳфуз аст.
Мо аҳли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми мардуми кишвар, хусусан китобдорони кишварро бо фарорасии Рўзи китоб табрик намуда, таманнои онро дорем, ки дар таблиғу гиромидошти сарчашмаҳои нодиру таърихӣ ва фарҳангӣ устувор бошед.
Ҳамватанони гиромӣ, китобро азизу муқаддас донеду чун гавҳараки чашм онро эҳтиёт кунед.
Зебуннисо Сафарова
мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар