Аз таърихи сенамои тоҷик
Сенамогарони тоҷик имрўзҳо дар кишварҳои хориҷ низ фаъолият намуда, бо офаридани филмҳои нав ба нав дар миқёси ҷаҳонӣ фарҳанги кинои тоҷикро густариш мебахшанд: «Қош ба қош» (соли 1993), «Падари маҳтобӣ» (соли 1999)-и Бахтиёр Худойназаров, «Парвози занбўр» (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан), «Фариштаи китфи рост» (соли 2002)-и Ҷамшед Усмонов.
Бори нахуст дар Тоҷикистон 18 майи соли 1930 Иттиҳодияи истеҳсоли филми «Тоҷиккино» ба истилоҳи дигар студияи миллӣ таъсис гардида буд. Иттиҳодияи мазкур дар оғози фаъолият мушкилоти бисёр дошт. Масъулони он бо дастгоҳҳои кўҳнаи суратгирӣ филмсозӣ мекарданд. Новобаста аз набудани шароити зарурӣ дар таърихи кинои тоҷик филмҳои беовози «Ҳуқуқи бошараф» ё «Дур аз сарҳад» (соли 1932), «Вақте ки амирон мемиранд» (соли 1932), «Худои зинда»-ро (соли 1935) дар сахифаи таърих мондааст.
Боз зикр намуд, ки саҳми К. Ёрматов, Б. Кимиёгаров, Б. Долинова, Т. Собирова, М. Орипов, М. Қосимова, А. Тураева, М. Маҳмудова ва дигарон дар рушди кинои тоҷик арзанда аст.
Имрўзҳо бошад ҳамагон ба тамошои филмҳои «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сўҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пўсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) ва ғайраҳоро пас аз гузашти солҳо таваҷҷуҳи махсус доранд.
Дар қарни ХХ-ум маҳз бо заҳмати мутахассисони тоҷик, аз ҷумла Майрам Юсуфова, Пўлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, Гулбаҳор Мирзоева, Толиб Ҳомидов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров, Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ тавонистанд, ки кинои тоҷикро рушду густариш бахшида, мактаби нави киношиносиву киноэҷодкуниро таъсис диҳанд. Филмҳои «Айёми алафҳои зард» (соли 1991), «Мусофир» (соли 1989), «Бародар» (соли 1991), «Ситораҳои сари танур» (соли 1991), филмҳои кўтоҳметараи ҳунарии «Панҷара» (соли 1989), «Чоҳ» (соли 1991), «Хоби бедорӣ» (соли 1990) натиҷаи дастовардҳои мутахассисони кинои тоҷик маҳсуб мегардад.
Сенамогарони тоҷик имрўзҳо дар кишварҳои хориҷ низ фаъолият намуда, бо офаридани филмҳои нав ба нав дар миқёси ҷаҳонӣ фарҳанги кинои тоҷикро густариш мебахшанд: «Қош ба қош» (соли 1993), «Падари маҳтобӣ» (соли 1999)-и Бахтиёр Худойназаров, «Парвози занбўр» (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан), «Фариштаи китфи рост» (соли 2002)-и Ҷамшед Усмонов.
Дар дохили кишвар бо сабаби буҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави киноматография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шўҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчўбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли «Ва ман равам ба сўи сарнавишт» (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), «Муҷассамаи ишқ» (У. Мирзоширинов, соли 2003), «Овора» (Г. Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), «Тақвими интизорӣ» (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кўтоҳметраи «Хушбахтӣ» (соли 2006), «Синамои муҳаррик» (соли 2007)-ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи киноматографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи киноматографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили «Синамо», «Киносервис» студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омадаанд.
Ногуфта намонад, ки дар баробари ин дар кишвар имрўзҳо студияҳои зиёди филмбардорӣ ва тарҷумаи филмҳои хориҷӣ фаъолият доранд, ки барои рушди кинои тоҷик, зиёднамудани филмҳои ҷазобу дидани минбаъд мусоидат менамоянд. Дар ин радиф метавон студяҳои «Ҳамсадо», «Фариддун», «Нурангез», «Симо» ва ғайраро номбар кард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дастовардҳо ва навовариҳо дар соҳаи мазкур, тарғиби арзишҳо, рушду густариш ва таҳкими фарҳанги кинои миллиро ба инобат гирифта, соли 2016 бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисисаи давлатии телевизиони «Синамо» таъсис гардид. Саҳми телевизиони мазкур дар даврони на чандон тўлонӣ назаррас аст. Айни ҳол дар ин телевизион шуъбаҳои барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, дубляж ва филмҳои хориҷӣ, шуъбаи филмҳои тасвирӣ, шуъбаи филмҳои миллӣ фаъолият доранд, ки барномаҳои хеле ҷолибу диданӣ омода намуда, пешниҳоди мардуми кишвар менамояд.
Чунин таваҷҷуҳ аз ҷониби ҳукумати кишвар қатрае аз дастовардҳои замони истиқлолияти кишвар буда, умед аст, ки дар оянда синамои тоҷик бо офаридани филмҳои нав ба нав таваҷҷуҳи на танҳо мардуми кишвар, балки берун аз онро боз ҳам наздиктар намуда, дар густариши ва пахши филми муосир нотакрор хоҳад монд.
Ҷӯрахон Ғафуров,
Сармутахасисси шуъбаи
адабиёт доир ба
фарҳанг ва ҳунар
Рустам ва Суҳроб (1972)