Муаллими сонӣ, Арастуи Шарқ, Устоди сонӣ...инҳо ҳама лақабҳои Абӯнасри Форобианд. Донишманди маъруф аввалин касе буда, ки осори файласуфони мумтози Юнони Қадимро омӯхтаву бар онҳо шарҳҳо навиштааст ва ҳамчунин бар поя ва ҳатто болотар аз онҳо асарҳои худро офарида.
Китоби форсии ӯ дар илми мусиқӣ маъруфтарин таълифот дар ин фан дониста мешавад. Иттилооти вай дар риёзиёт ва мусиқӣ хуб, вале дар тиб ва табииёт мутавассит будааст. Равиши фалсафии вайро бояд дар ҳақиқат як равиши нави афлотунии исломӣ номид.
Гаронқадр осори худро бо забони арабӣ бар ҷой гузоштааст. Ва аз ҷумлаи шахсиятҳои камназир аст, ки осор ва афкораш маъруфияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
Маҳфили навбатии “Равшандилон” бо таҳлили ҳикояи хуби аъзои маҳфил Ҳусейни Нурмуҳаммад шуруъ гардид. Муаллиф ҳикояи худро “Қадри нон” номидааст ва онро пурра дар маҳфил қироат кард. Тавре аз номаш пайдост, ҳикоя дар бораи нон ва заҳмати инсони донистани қадри он баҳс мекунад. Муаллиф кӯшидааст бо тасвири лаҳзаҳои хотирмон хонандаро водор кунад сари ин мафҳум андеша намояд.
Ин як ҷумларо чун бардошт аз суҳбати се нафаре, ки ҳоло ба мутолиаи хонандагон пешкаш мекунем, иқтибос овардем. Ва ба гумони мо аксари касоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меоянд, ҳамин орзу доранд. Яъне, пайдо кардани он чизе ки дар ҷустуҷӯяш ҳастанд. Бидуни шак, китобҳо қодиранд гумкардаҳои моро ба мо бозгардонанд ва ин гумгашта