“Умедворам китобҳоеро, ки дар ҷустуҷӯяшон ҳастам, ин ҷо пайдо мекунам...”
Нашр шуд 2017-10-25 12:41
Ин як ҷумларо чун бардошт аз суҳбати се нафаре, ки ҳоло ба мутолиаи хонандагон пешкаш мекунем, иқтибос овардем. Ва ба гумони мо аксари касоне, ки ба Китобхонаи миллӣ меоянд, ҳамин орзу доранд. Яъне, пайдо кардани он чизе ки дар ҷустуҷӯяш ҳастанд.
Бидуни шак, китобҳо қодиранд гумкардаҳои моро ба мо бозгардонанд ва ин гумгашта ҳамеша дониш аст, ки инсон ҳар қадар ҷӯяду ёбад, боз ҳам кам аст.
Инак, фишурдаи суҳбат бо се нафар, ки ҳарсе донишҷӯёни соли аввали литсейҳои пойтахти кишваранд.
Меҳроб Нодиров-донишҷуи соли аввали Литсеи касбии хизмат ва туризм:
- Хеле хушҳолам, ки аъзои ин Китобхонаи бонуфузам. Дўсти беҳтарини ман китоб аст. Дар тӯли як соле, ки аъзои китобхонаам, китобҳои зиёд мутолиа карда, ба ҳама хостаҳову суолҳои беҷавобам посух ёфтам. Аз соли 2016 инҷониб аъзо ҳастам. Ҳам китобҳои дарсӣ мехонам ва ба дарсҳои амалӣ, семинарҳо омода мешавам ва ҳам китоби бадеӣ мехонам.
Гоҳи дигар ба толори адибиёти хориҷӣ ҳам меравам ва бо истифода аз лағатномаҳо барои худ калимаҳои ноошнои инглисиро тарҷума ва аз бар мекунам. Умуман, дар ин китобхона ҳар касе чизе дилаш мехоҳад, пайдо ва мутолиа карда метавонад.
Шаҳоб Наимов-донишҷуи соли аввали литсеи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе:
- Аз соли 2015 инҷониб аъзои фаъоли Китобхонаи Миллии Тоҷикистон буда, то ба имрўз пайваста аз хизматрасониҳои Китобхона истифода менамоям. Аз толори хониши кӯдакон ва наврасон дар гузашта истифода менамудам ва дар тамоми маҳфилҳое, ки аз ҷониби кормандон ташкил мешуд, иштирок менамудам. Ҳоло бошад, аз манобаи электронӣ ва китобҳои дарсиам пайваста истифода менамоям.
Сахт одат кардаам ва ҳамеша соатҳои фориғ аз таҳсилу дигар ташвишҳоро дар ҳамин ҷомегузаронам.
Мавлуда Шоҳхоҷаева - донишҷӯи литсеи касбӣ-техникии шаҳри Душанбе.
- Ман имрӯз бори аввал ба Китобхонаи миллӣ омадам ва қатори ҳазорон нафар узви ин китобхона шудам. Умедворам писандам меояд, чун зиёд дар борааш шунидаам. Ҳоло наметавонам чизе аз ин бештар гӯям.
Ман хело дўстори мутолеа кардани китобҳои бадеиям ва умедам ҳам ин аст, ки китобҳоеро, ки дар ҷустуҷӯяшон ҳастам, ин ҷо пайдо мекунам. Чун медонам, ки хазинаи китоб аз миллион ҳам беш аст.
Аз нигоҳи ман шахсе ки ҳамнишин бо китоб аст, ҳама пастиву баландиҳои зиндагиро бе душворӣ паси сар хоҳад кард, чунки тамоми панду андарзҳое, ки дар асарҳои бузургон омадаанд, бе чуну чаро моро бо роҳи дуруст ҳидоят мекунанд.
Суҳбати Моҳираи Раҷаб.