Донишманди тоҷик Рустам Ваҳҳоб менависад: Хонандаи тоҷик бо ном ва осори Жола Бадеъ ва ё Жолаи Исфаҳонӣ ба хубӣ ошно мебошад. Ин шоири муҳоҷири эронӣ, мисли устод Лоҳутӣ пас аз муҳоҷират аз меҳани аслиаш Эрон, Тоҷикистонро ба унвони меҳани дуввуми худ ихтиёр намуда ва дӯст дошта буд. Жола Бадеъ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, бо адибон ва …нашрияҳои Тоҷикистон ошноӣ
Номи академик Пӯлод Бобоҷонов аз доира ва маҳдудаи Тоҷикистону атрофи он кайҳост берун шуда ва ба як шахсияти ҷаҳонӣ, олими пухтакору донишманд табдид ёфта. Дар адабиётҳои қаблии соҳаи кайҳоншиносии шуравӣ ва ҷаҳон дар кайҳон кашфи 400 метеор ва 20 сели метеориро ба номи олими тоҷик Пўлод Бобоҷонов пайванд медонанд.
Пўлод Бобоҷонов 15 октябри соли 1930 дар шаҳри Ўротеппа – Истаравшани имрўза ба дунё омадааст. Ходими давлатӣ, астрофизик, академики Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон (соли 1973)