Жола Бадеъ: Ман Шарқу Ғарбро дидааму дарк кардаам...
Нашр шуд 2017-10-20 15:57
Донишманди тоҷик Рустам Ваҳҳоб менависад: Хонандаи тоҷик бо ном ва осори Жола Бадеъ ва ё Жолаи Исфаҳонӣ ба хубӣ ошно мебошад. Ин шоири муҳоҷири эронӣ, мисли устод Лоҳутӣ пас аз муҳоҷират аз меҳани аслиаш Эрон, Тоҷикистонро ба унвони меҳани дуввуми худ ихтиёр намуда ва дӯст дошта буд. Жола Бадеъ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, бо адибон ва …нашрияҳои Тоҷикистон ошноӣ ва ҳамкории доимӣ дошт ва тақрибан тамоми осораш дар Тоҷикистон мунташир гардидааст. Шеъри Жола шеъри содаву равшан ва саршор аз рӯҳиёти шодзистӣ ва умедворӣ ба ояндаи фарруху фархунда мебошад.
Жола, ки бори зиндагии душвореро рӯи шонаҳои нозукаш ҳама умр кашида, вале шаҳомати як инсони фарзона ва озодаро дар вуҷуди худ ҳифз намудааст, бо дардҳои башар беш аз ҳар касе ошност ва сарояндаи ин дардҳо низ ҳаст. Лозим ба таъкид аст, ки осори Жола Бадеъ он тавре ки шоиста аст, ҳанӯз дар Тоҷикистон мавриди тадқиқот ва пажӯҳиши ҷомеъу фарогир қарор нагирифта, то мавқеи воқеӣ ва ҷойгоҳи ишон ва осори ишон дар адабиёти тоҷик таъйин гардад...”
Бадеъ Жола Абулқосим соли 1922 дар шаҳри Исфаҳони Эрон ба дунё омадааст. Аз оилаи заминдорӣ хурд. Дар зодгоҳаш коллеҷи англисиро хатм намудааст. Соли 1945 аввал ба Теҳрон, баъд ба Табрез омада, дар ташкилотҳои прогрессивии занон кор мекунад ва дар мактаби ҳарбии Табрез аз таърихи адабиёти Эрон дарс мегўяд. Баъди шикаст хўрдани ҳаракати инқилобӣ дар Озарбойҷони Эрон соли 1946 Жола ба Иттифоқи Советӣ муҳоҷират кард. «Гулҳои худрў» (Теҳрон, 1944) аввалин маҷмўаи шеърҳои ўст. Ашъори Жола аз лирикаи гражданию фалсафӣ ва ишқӣ иборат буда, дар мавзуъҳои ҳамдардӣ бо мардуми заҳматкаши Эрон, дар муборизаи онҳо баҳри озодиву баробарӣ, ситоиши инсон, васфи ишқу вафо ва ғайра суруда шудааст. Маҷмўаҳои ашъори Жола бо унвони «Модарон сулҳ мехоҳанд» соли 1956, «Зиндарўд» соли 1964, «Ҳангоми вафодорӣ» соли 1974, «Киштии кабуд» соли 1978 ба ҳуруфи арабӣ дар Душанбе ба табъ расиданд.
Миқдори зиёде аз ашъори ў ба озарбойҷонӣ ва русӣ тарҷума шуда, дар маҷмўаҳои алоҳида дар Боку (солҳои 1950, 1955, 1956, 1958) ва Москва (солҳои 1956, 1960, 1965, 1967, 1970) чоп гардидаанд. Қисме аз осораш дар солҳои 60-70-ум дар маҷаллаи «Сухан» (Эрон) ба табъ расидааст. Жола аз соли 1961 узви Иттифоқи Нависандагони СССР буд.
Шоира соли 2007 аз олам чашм пўшид.
Бозчоп аз “Энциклопедияи советии тоҷик” . – Душанбе, 1980, Ҷ 2. – С. 388-389.
Муаллиф: А. Абдуманнонов
Осор:
Дар бораи шоира:
Таҳияи корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ
Аниса Набиева