Ту монанди замин танҳоӣ, Модар,
Ту монанди замин яктоӣ, Модар.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ.
Модар – Ватан
Аз он азиз ҳастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.
Модар! Фариштаест, ки Худованд баҳри мо ато кардааст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест . Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст.
Оре, давлати фарзанд модар аст. Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рў бояд ҳар як шахс қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.
Модар, чи хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте, ки модар мегўем тамоми баданамону рўҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ў барои мо фарзандон беканор ва ҷовидон аст.
Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад, модар….
Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем. Гоҳ дар дарёи пуршўри ҷавонӣ ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромўш месозем. Аммо баъд аз кирдорҳои худ пушаймон гашта , ўро намеёбем. Аз даст рафтани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст:
Модар, модар каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ў ғанимат бошад.
Аз маҳзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чи кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.
Парвонаи Фатҳулло,
мутахассиси пешбари шўъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.